Зеҳн
Зимистони умр

Китоби мазкур маҷмӯаи ҳикоёти нависандаи тоҷик Саттор Турсун буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ, иҷтимоӣ ва маънавии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар он сарнавишти одамон ва таҳлили равонии қаҳрамонон бо маҳорати баланди бадеӣ баён шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 93 саҳифа

АдабиётҲикоя
Аз аввал хондан

дӯхта, сигарета даргиронд. Баъд оҳиста аз ҷой хеста, назди тирезаи барқад рафт, ки он ба саҳни ҳавлии беморхона кушода мешуд. Берун серодам буд, — мерафтанд мардум, меомаданд. Ҳар кадом яқин беморе дошт... Баъзеҳо дар чанд хараки гирди фаввора нишаста, интизорӣ мекашиданд, ё бо ҳам сӯҳбат мекарданд, балки аз падар ё модарони худ аҳвол мепурсиданд. Боз кӣ медонад?.. Ҳар чӣ бошад, дар дили кас ғуҳн боло мегирад аз дидани бемористон! Рӯз бегоҳ шуда, ҳарорати офтоб паст мегардид. Боди серун вазида, шоҳу барги дарахтони сарсабзи рӯи ҳавлиро маҳин-маҳин алвонҷ медод. Якта-нимта беморони аҳволашон сабук ё баъди ҷарроҳӣ бапохеста дар пайроҳаҳои тоза ва обзадаи шифохона сайру гашт мекарданд.

— Мутаассифона, ин хел ҳодисаҳо баъзан рӯй
медиҳанд. Ками дар кам... лекин рӯй медиҳанд,
— гуфт Бахтиёр Почомирович ва омада дар ҷояш
нишасту гули сигаретаро ба хокистардон афшонда, илова намуд: — Айнан рӯй надиҳанд ҳам,
гоҳо аз қасамшиканӣ кам нестанд чунин ҳодисаҳо. Чӣ илоҷ, роҳ фақат якта — тарбия кардан
лозим ин тоифаро. Ман ба табибони ҷавон ҳамеша мегӯям, ки дар ҳар ҳолат бемор ҳақ аст. Пас
чунон рафтор кунед, ки вай ҳатто ба гӯшаи хаёлаш наорад — шумо ягон тамаъ доред, ё аслан
ба талаби вай, ба шикояти вай эътибор намедиҳед. Одами бемор одатан ҳассос ва рамзфаҳм
мешавад. Худатон фикр кунед: гуфтем, ки ба
понздаҳ дардманд як табиб мутасаддӣ аст. Пас
ба сӯи ҳамон табиб аз саҳар то бегоҳ, агар ӯ
навбатдор бошад, шабона низ понздаҳ ҷуфт чашм
менигаранд. Табиб чӣ? Вай танҳост, фақат як
ҷуфт чашм дорад. Ва албатта, понздаҳ ҷуфт нис-

пешина
аз 93
навбатӣ