Зеҳн
Зимистони умр

Китоби мазкур маҷмӯаи ҳикоёти нависандаи тоҷик Саттор Турсун буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ, иҷтимоӣ ва маънавии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар он сарнавишти одамон ва таҳлили равонии қаҳрамонон бо маҳорати баланди бадеӣ баён шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 93 саҳифа

ҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

Ибтидои асрҳо аз ҳар як табиб хислатҳои неки инсонӣ талаб мекард, ки ин ба мо қисман аз қасами Гиппократ, ё худ фармудаҳои пири ҳакимони Машриқзамин Абӯалӣ ибни Сино маълум аст. Агар хонда бошед, Гиппократ гуфта буд: ман ба ҳар хонае ки дароям, танҳо ба хотири беҳбуди аҳволи бемор медароям ва асрори дарди ӯро ҳамеша пинҳон медорам. Ибни Сино ҳам аз шахсияти духтур талаботи зиёд дошт. Вай мегуфтааст, ки табиб бояд раҳмдил, ҳақиқатпараст, накӯкор, ростқавл, дар такмили пешаи худ басубот, нисбат ба шахсияташ серталаб, хушахлоқ, нотарс ва дар айни замон баэҳтиёт, илмдӯст ва инсонпарвар бошад. Муҳимтарин сифати касбиву одамияти табиб сирри беморро пинҳон доштан аст, — илова менамуд ӯ. Имрӯз ҳам муҳассилини охирин синфи донишгоҳи тиббӣ пеш аз диплом гирифта, мустақил ба кор оғоз намудан қасам мехӯранд, ки он «қасами духтури шӯравӣ» ном дорад...

Ба ёд меорам, ки тахмин як сол қабл аз ин дар сӯҳбате Бахтиёр Аҳмадов дар бораи муносибатҳои инсонӣ, умуман муҳити олимони тиб гап кушода, гӯё нохост хаёлаш ба кадом воқеаи нохуш банд гардида бошад, бе ҳеҷ озурдагӣ ба ман гуфта буд: касе ки мардона заҳмат накашида, муфт ба ҷое расидан мехоҳад ва аз барои зудтар рӯи об баромадани ин мақсади худ ба ғаммозиву лаганбардорӣ машғул мешавад, ҳаргиз ба ягон ҷой намерасад. Чунки илм ҳам ба мисли санъат, ба монанди адабиёт дили софу нияти пок мехоҳад.

— Шумо дидаед, ки ин ё он табиб қасами худро шикаста бошад? — пурсидам ман гӯё дар омади гап.

Бахтиёр Почомирович лаҳзае ба рӯям чашм дӯхт

пешина
аз 93
навбатӣ