Зеҳн
Зимистони умр

Китоби мазкур маҷмӯаи ҳикоёти нависандаи тоҷик Саттор Турсун буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ, иҷтимоӣ ва маънавии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар он сарнавишти одамон ва таҳлили равонии қаҳрамонон бо маҳорати баланди бадеӣ баён шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 93 саҳифа

ҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

Суботкорӣ ва хушмуомилагӣ иборатанд. Вақтҳои охир, то ки дар интихоби донишҷӯён хато наравад, беҳтарин олимони тиб дар имтиҳоноти қабул ширкат варзида, ба ҳар дохилшаванда ҷиддан гуфтугӯ карда, пеш аз ҳама сифатҳои инсонии онҳоро санҷида, пас ба як қарор меоянд.

Вай аз чойники сурхи пахтагул, ки дар рӯи мизаш меистод, ба ду пиёла чой рехта, якеро ба ман дод ва дуюмиро назди худ гузошта, ба лаъличаи пур аз мавизи сиёҳ ишора намуд:

— Гиред, даҳон ширин кунед. Ба гуфти устод Айнӣ, дар вақти сӯҳбат лабҷаро мешавад ин...

Ман, ки ба калимаи «лабҷаро» бори аввал воқеан ҳам дар Луғати устод Айнӣ дучор омада, аз бозёфти худ шодӣ карда будам, дафъатан хурсанд шуда, аз дил гузарондам: ҷӯянда, сермутолиа ва донишманд аст профессор Аҳмадов. Ӯро дар замонаш президенти Академияи улуми тиб академик Николай Блохин ба шогирдӣ гирифта, то имрӯз ҳамчун инсони покиза ва олими мӯшикофу ҷарроҳи «дасташ сабук» беҳуда эҳтиром намекунад.

Инро аз дил гузарондан баробар чашмам беихтиёр ба сурате афтид, ки дар девори рӯбарӯ овезон метофт. Дар он як тахта қоғаз устоду шогирд – академик Николай Николаевич ва профессор Бахтиёр Почомирович акс ёфта буданд. Ҳар ду ҳам масрур, дар лабони ҳар ду ҳам табассум. Аммо яке калонсол, дигаре ҷавонтар. Чун падару писар, ё ба монанди бародару додар...

Ба пиёлаи ман боз чой рехта, Аҳмадов бо ҷабини кушодаву тамкини доимии худ ба сари сӯҳбатамон баргашт.

— Касби табибӣ аз куҳантарин касбҳои олам ба ҳисоб меравад. Дар давраҳои қадим ҳам ҷамъ-

пешина
аз 93
навбатӣ