Зимистони умр

Китоби мазкур маҷмӯаи ҳикоёти нависандаи тоҷик Саттор Турсун буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ, иҷтимоӣ ва маънавии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар он сарнавишти одамон ва таҳлили равонии қаҳрамонон бо маҳорати баланди бадеӣ баён шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 93 саҳифа
тон, дар театру хиёбонҳои зебои Душанбе, дар долонҳои шифохонаи ҷумҳуриявии беморони ҳазорреша, ки ӯ ба беҳбуди кори ин муассиса бевосита ҷавобгар аст, дар кафедраи саратоншиносии Донишгоҳи тиббӣ ба номи Абӯалӣ ибни Сино, ки даҳ сол инҷониб мудирияи онро ба уҳда дорад, — хуллас, дар кадом манзиле ки Бахтиёр Аҳмадовро дида бошам, ҳамин хусусияти ӯро равшан ҳис кардаам; пай бурдаам, ки ҳар одами бемор, чашмаш ба вай афтидан ҳамоно... хурсанд мешавад.
Боре дар як сӯҳбати мо доир ба касби табибӣ, одобу ахлоқи табобатгар ва он хислатҳое ки илми тиб, зиёда аз ин, ҷамъияти шӯравии мо аз шахси шифокор талаб мекунад, Бахтиёр Почомирович тақрибан чунин гуфта буд:
— Табиб кист, ё худ кадом ҷавонон метавонанд табиб шаванд? Ба назарам, шумо ҳаминро
донистан мехоҳед. Пас ҳоло ман кӯшиш мекунам дар ин хусус фикри худро мухтасар баён
дорам... Маълум аст, ки як нафар ҷавон агар
дар орзуи рассом, оҳангсоз, таҳиягари кино ё
ҳунарпешаи театр шудан бошад, дар аснои дохил гардидан ба донишгоҳ омӯзгорони батаҷриба аз вай имтиҳон гирифта, донишу истеъдодашро то ҳадди имкон санҷида, метавонанд
ҷиҳатҳои ба санъаткор хоси ӯро дарёбанд. Зимнан чунин ҷавонон ҳанӯз дар мактаби миёна
барои соҳиби ин хел касбҳо будан махсус тайёрӣ ҳам мебинанд. Яъне худомӯзӣ мекунанд —
сурат мекашанд, мусиқӣ менавозанд, суруд мехонанд... Аммо барои табиб шудан ғайр аз донишу хоҳиш боз бисёр паҳлуҳои дигар лозиманд, ки инҳо аз инсондӯстӣ, ҳассосӣ, аз хислати муҳими ба дарди мардум шарик будан, аз

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё