Зимистони умр

Китоби мазкур маҷмӯаи ҳикоёти нависандаи тоҷик Саттор Турсун буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ, иҷтимоӣ ва маънавии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар он сарнавишти одамон ва таҳлили равонии қаҳрамонон бо маҳорати баланди бадеӣ баён шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 93 саҳифа
Нагуфтаанд: нияти нек — ними давлат. Чунки нияти кас агар холис бошад, кораш барор мегирад. Одамизод — олими маъруф аст вай, ё деҳқoni хокпош, шоири мумтоз аст, ё корманди қаторӣ — бояд пеш аз ҳама накӯкор бошад... Нее, ними давлат не, худи давлат аст накӯкорӣ! Хазинаи бепоён аст ин гуна табиати олиҷаноби инсон. Агар аз ман пурсанд, ки дар зиндагӣ, умуман дар муносибату муомилаи одамон чиро бештар меписандам, фавран метавонам ҷавоб диҳам: сараввал накӯкориро! Зеро ин хислати ҳамида, ҳатто камёфт ҳамон воситаест, ки сангдилтарин зоти беандешаро низ охири охирон ба андеша водор месозад. Яъне ӯ худ кист, чаро ба ин дунё равшан омадааст, баъд аз сараш мардум дар ҳаққи вай чӣ мегӯянд, ба фарзандонаш маънии аслӣ ҳастиро фаҳмондааст ё не... Ва ниҳоят, барои чӣ дар зиндагӣ некиро ситоиш мекунанду бадиро — маҳкум?
Ман ин гуфтаҳои Бахтиёр Аҳмадовро беҳуда наовардам. Вай аз боби накӯкорӣ, умуман аз рафтору кирдори доимии худ бисёр кам ҳарф мезанад. Аммо дар тӯли ҳафт соли рафоқат яқин донистам, ки профессор Аҳмадов қабл аз ҳама инсони бағоят некандеш аст, дили соф дорад, нияташ пок... Ва шояд аз ҳамин сабаб корҳои илмиву амалии ӯ ба зудӣ муваффақият пайдо мекунанд, иззату эҳтиромаш низ дар байни мардум рӯз то рӯз меафзояд.
Меҳрпарвариву накӯкории ин марди батамкин ва хушмуомиларо дар ҳар куҷое ки тифоқо ҳамсафараш будаам, ё дар ҳар маконе ки ба вай вохӯрдаам — масалан, дар Хуҷанди бостонӣ, дар водиҳои бавусъат ва пур аз «тиллои сафед»-и Ӯзбекистон, дар кӯҳҳои сар ба фалаки Қирғизис-

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё