Зимистони умр

Китоби мазкур маҷмӯаи ҳикоёти нависандаи тоҷик Саттор Турсун буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ, иҷтимоӣ ва маънавии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар он сарнавишти одамон ва таҳлили равонии қаҳрамонон бо маҳорати баланди бадеӣ баён шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 93 саҳифа
Ҷавон ба худ қиёфаи ҷиддитар гирифта, суханашро идома дод:
— Падараш аз ин кори ӯ ҳайрон шуда, пурсидааст: ту он филми пурмағалро чанд бор мебинӣ? То даме ки Чапаев аз дарё зинда нагузарад, гуфтааст бача дар ҷавоб.
— Ҳа-ҳа-ҳа... — хандиданд дигарон.
— Беақл! — латифаашро ҷамъбаст кард ҷавони рафидарӯй ва низ қоҳ-қоҳ зад.
Дар берун авҷи баҳорон буд...
Бемори сивуҳафтсола талх табассум кард. Ва чашм ба саҳни бемористон – ба дарахтони сабзу рез-рези борони найсон дӯхта, бо як ҳисси ҷонсӯз аз дил гузаронд, ки вай ҳам бача буд. Дар зодгоҳи вай ҳам филми «Чапаев»-ро чанд шаб намоиш дода буданд. Вай ҳам пас аз он ки кору бори хонаашонро – аз қабили алаф даравидан, об овардан, ҳезум шикастан, мева чидан, каҳ кашондан ва ғайра – саранҷом мекард...
Ҳар бегоҳ аз падараш ба зорӣ ву тавалло пули майда гирифта, тозон ба тамошои филми «Чапаев» мерафт. Падараш ҳайрон шуда, аз вай ҳам пурсида буд:
«Ту он филмро чанд бор мебинӣ?»
«То даме ки Чапаев аз дарё нагузарад», – ба чашмонаш ашк давида, гуфта буд вай ҳам дар ҷавоб.
...Боз ягон латифаи намакин шуниданд магар, ки ҳампалатаҳо баланд хандиданд.
Вай беихтиёр табассум кард; табассуми беҳол...
Дар пушти тирезаи калон авҷи баҳорон буд. Ба сари сабзи дарахтон борони найсон мерехт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё