Зеҳн
Зимистони умр

Китоби мазкур маҷмӯаи ҳикоёти нависандаи тоҷик Саттор Турсун буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ, иҷтимоӣ ва маънавии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар он сарнавишти одамон ва таҳлили равонии қаҳрамонон бо маҳорати баланди бадеӣ баён шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 93 саҳифа

ҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

Ва медонистанд, ки фардо ё пасфардо ба хонаҳои худ — назди зану фарзандонашон мераванд. Аз ин рӯ хурсандӣ мекарданд; ҳар хел латифаҳо гуфта, ба қавле, занги дил мебароварданд.

Дар берун авҷи баҳорон буд.
Борони найсон меборид...

Вай аз шохаҳои сабзи дарахтон, ки дар саҳни беморхона бо шукӯҳ қад кашида, ба дилу дида гӯё нуру сафо мебахшиданд, чашм канда наметавонист. Хаёли дардолудаш ба ҳар кӯй сар мехалонд; ҳама умеду орзуяшро барбодрафта мепиндошт. Ва қалби пурэҳсосаш афшурда... беихтиёр кӯдакии худро пеши назар меовард, — он айёмеро, ки дар паноҳи навозиши модару меҳрубониҳои падар буд. Аз ғами дунё дар канор мегашт, тани сиҳату дили беғам дошт. Осмон бароиш ҳама рӯз мусаффо буд, замин дар зери пояш парниёни ҳафтрангро мемонд. Офтоб...

Пайваста ба рӯяш механдид. Гӯё бачагиаш гулбарге буд, ки дар оғӯши боди атрбези баҳорон сабук шино карда, аз сари боғоту талҳои сабз мегузашт.

Ҳоло чӣ?

Сиву ҳафт сол дорад ҳоло! Ва намедонад, ки дар ин бемористони моломол аз бӯи дору боз чанд муддат хоб мекунад. Умуман аз ин ҷо зинда мебарояд ё...

...Ҳампалатаҳо баланд хандиданд.
Латифа мегӯянд онҳо.

  • Як бача ҳар рӯз ба тамошои филми «Чапаев» метохтааст, — бори чандум буд, ки ҷавони тахмин биступанҷсолаи рафидарӯй боз ба ҳикоят оғоз намуд.

  • Хайр? - гуфтанд дигарон.

пешина
аз 93
навбатӣ