Зимистони умр

Китоби мазкур маҷмӯаи ҳикоёти нависандаи тоҷик Саттор Турсун буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ, иҷтимоӣ ва маънавии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар он сарнавишти одамон ва таҳлили равонии қаҳрамонон бо маҳорати баланди бадеӣ баён шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 93 саҳифа
Ҳавои саҳаргоҳон сард... ҳоло, Дар ин нимарӯз, гарм аст.
Дар сари ҷӯяке, дар пояи чанд ниҳоли аз аҳри кимиё баргрехта, аммо қашқаҳояш ҳама шукуфон, Дар болои пешдомани карбосӣ як кӯдаки тахмин дусола мехобад.
Дар наздаш пораи нон, бодиринги газида, ҷумча, косаи холӣ.
Замин рутубатнок.
Ба димоғ бӯи ҳамон заҳр меояд, ки дирӯз, қариби бегоҳ, ба сар то сари ин майдон...
Аз тайёра пошида буданд.
Зиллаи сиёҳе ба пои урӯни кӯдак менишинаду фавран ҷаста, худро ба дигар ҷӯяк мезанад.
Дуртар аз вай, дар шохаки ниҳол, малахи танҳое беист меҷунбад. Як ғамбуски визвизак аз болои шиками кӯдак...
Рӯ-рӯи куртаи чиркин шитобон гузашта меравад. Ду-се пашша парзанон ғинг-ғинг доранд.
Кӯдак бедор шуда, мегиряд. Вале гиряашро...
Хишир-хишири ниҳолон паҳш мекунад.
Ана... ӯ бармехезад. Вале пояш дар банди пешдоман печида, рӯ ба ҷӯяк меафтад.
Баргҳои хазону хоки намро ба дандон газида, паҳлу гашта натавониста, нафасаш мегирад; дасту по мезанад. Вале...
Дигар аз ҳол рафта, ранги рӯяш баътадриҷ кабуд мегардад.
Аз вай хеле дур, дар миёни майдон, модараш бағоят хаста шуда, беихтиёр ғанаб кардааст. Дар пеши пояш як ҷуфт калӯши кӯҳна.
Дастонаш харошида; куртаи чити майдагулаш ҷо-ҷо дарида... Намеҷунбад – сангро мемонад.
Гӯё ба ду гесуи сиёҳаш ӯро то охири умр дар

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё