Зимистони умр

Китоби мазкур маҷмӯаи ҳикоёти нависандаи тоҷик Саттор Турсун буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ, иҷтимоӣ ва маънавии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар он сарнавишти одамон ва таҳлили равонии қаҳрамонон бо маҳорати баланди бадеӣ баён шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 93 саҳифа
Ман меҳр надорад? Шояд гуфтаниед: гапи одамон ҳақ — ба доми ӯ беҳуда гирифтор шудӣ, фириб хӯрдӣ? Аз беақлӣ?.. Ё ба ман фикри ӯро расондан мехоҳед, ки сол то сол пир мешавам ва акнун маро дӯст доштан амрест мушкил?.. Бигӯед, охир, баргҳои нозанин, бигӯед: аз чӣ ин қадар пичирос мезанед шумо?
Вай сар ба сӯи дастони сафедаш хам кард. Муште аз мӯяш...
Поин афтида, рагу рагчаҳои кабуд ва қадре дамидаи пушти он дастонро... гӯё маҳрамона пӯшиданд.
— Бигӯ, бигӯ, дарахти зардолу!
Вай талх гирист.
— Ту ҳам гап зан, азизам! Азизи дилам... Чаро хомӯшӣ?
Китфонаш меларзиданд. Донаҳои ашк...
Чун қатраҳое ки аз обшори мӯяш ҷудо шудаанд, ба рӯи дастонаш, ба ангуштони дароз-дарози ҳанӯз зебояш мечакиданд.
Дар пушти тиреза баргҳои дарахти зардолу, зардолуи қандаки нав ғӯрабаста...
Беист пичирос зада, бо меҳр мегуфтанд:
— Ба мӯят шона каш! Бале, шона... Ӯ баробари ҷонаш медонад туро!
Аммо вай инро намешунид. Ва ҷигараш хун шуда, мӯяш парешон, аз магз-магзи дил мегирист.
4
Ин майдон чунон фарох, ки ба назар ҳадду канор надорад. Сап-сафед аст. Кас агар зиёдтар нигоҳ кунад, чашм мебарад рангаш.
Нӯки ниҳолон,
Ғарқи анвори офтоб, аз нафаси боди сабук-сайр оҳиста меҷунбад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё