Зимистони умр

Китоби мазкур маҷмӯаи ҳикоёти нависандаи тоҷик Саттор Турсун буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ, иҷтимоӣ ва маънавии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар он сарнавишти одамон ва таҳлили равонии қаҳрамонон бо маҳорати баланди бадеӣ баён шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 93 саҳифа
Арафаи бӯи гули садбарг нишаст.
Зи ҳамоно гум шуд.
Баъд ӯро хоб бурд, хоби сангин...
Ҳар ду паллаи тирезаашро шаби дароз боди сард мекуӯфт.
...Вай он шаб дар хобаш ҳам бо сад азоб номи модарашро меҷусту ҳеҷ намеёфт.
3
Ин саҳар ҳам вай ба мӯяш шона мекашид.
Аз шишаҳои тиреза равшании офтоби баҳорон даромада, ба ҳар тори мӯи хушбӯяш ҷило бахшида, монанди риштаҳои бағоят борики нуқрагин оҳиста поин мелағжид.
Вай ба мӯяш шона мекашид.
Баргҳои тару тозаи дарахти зардолу, зардолуи қандаки нав ғӯрабаста...
Дар пушти тиреза шибир-шибир ҷунбида, балки рақсида, нурҳои зарандуди офтобро аз як шиша ба шишаи дигар меандохтанд.
Сабаб чист, ки аз садои паст ва гӯшнавози баргҳо, ҳарчанд хуш меомад, хаёлаш рахна ёфт.
Ба мӯяш торафт сусттар шона зада, билохир вай гӯё шах шуд.
Пас шонаро як сӯ гузошт...
Бо ҳар ду оринҷ ба канори миз такя овард.
Мӯи сунбулаш парешон гардида, ба сари китфони нозукаш афтид; пуштаки курсии бароҳатро мисли абрешим нарм пӯшид. Чунин менамуд, ки мӯй не... обшор аст. Ва ин обшор ба худ маҳин роҳ кушода, ҳоло баёзи гардани вайро мешуст.
Булӯрин буд гӯё гарданаш.
— Инак авҷи баҳорон... Шумо, баргҳои нозанин, эҳтимол пичирос мезанед, ки ӯ дигар ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё