Зимистони умр

Китоби мазкур маҷмӯаи ҳикоёти нависандаи тоҷик Саттор Турсун буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ, иҷтимоӣ ва маънавии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар он сарнавишти одамон ва таҳлили равонии қаҳрамонон бо маҳорати баланди бадеӣ баён шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 93 саҳифа
Монадараш меларзиданд...
Ба хона боди сард зада даромад.
Вай, ки дар зери як куртаи чиркин буд, хунук хӯрд. Бо вуҷуди ин аз тиреза дур нашуда, ба берун менигарист.
Ҳоло буттаи садбарг саропо урён буд. Дар он на гуле ба назар мерасид, на барге...
Офтоб наменамуд.
Замин тира, рутубатнок.
Ва... долу дарахтони дигар низ ҳама луччак буданд.
Вай гӯё шах шуда, дар муқобили боди сард ноҷунбон меистод.
Сараш тос ва ришаш сап-сафед расида буд. Қафаси синаи як вақтҳо фарох ва барҷастааш акнун фурӯ нишастааст.
Нохост ба чашмони хираи ӯ ашк давид.
Ва ларзиду...
Балки такон хӯрду тирезаро напӯшида, қафо гашт.
Раҳораҳ ба кадом як шишаи холӣ пешпо хӯрда, сахт тарсид, — онро зери лаб ҳақорат кард. Сипас, баъде ки шиша рӯ-рӯи фарши тахтагини ифлос ғелида, ба девор бархӯрд ва садои гӯшҳарош баровард...
Худро болои кат партофт. Ба пушт хобида, муддати мадиде ба шифти нимторик чашм дӯхт.
Нигоҳаш ҳамчунин хира ва ашколуд буд.
Аз тирезаи ҳар ду паллааш низ кушода ба хона боди сард медавид.
Вай аз ҷой намеҷунбид, — гӯё мурда буд; аз ҷой намеҷунбиду зӯр зада, номи раҳматӣ модарашро ба ёд овардан мехост. Аммо наметавонист...
Баъд вай як оҳи чуқур кашида, паҳлу гашт ва хаёлаш, ки аз фазои сарди хона ба димогаш

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё