Зеҳн
Зимистони умр

Китоби мазкур маҷмӯаи ҳикоёти нависандаи тоҷик Саттор Турсун буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ, иҷтимоӣ ва маънавии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар он сарнавишти одамон ва таҳлили равонии қаҳрамонон бо маҳорати баланди бадеӣ баён шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 93 саҳифа

ҲикояАдабиёт

САРФАИ САРИ ОТАШДОН

Зани ҷавони миёнақад, ки дар тан хилъати сурхи баланд дорад, мӯи қиргунаш ба сари китф парешон, камари андак ғафсаш дар ҳалқаи танги тасма, бо шитоб аз ошхона баргашта, мехоҳад боқимонда асбоби рӯи мисро ғундорад. Чойники қирмизӣ, чанд пиёла, табақчаи бамавиз, қанддон... Ду писарак, синнашон на бештар аз шаш-ҳафт сол, каме дуртар дар болои қолини баоҳар нишаста, чормағз мегелонанд, хушнуданд, ба тавре бозӣ мекунанд. Ваҷоҳати зан гирифта метобад. Усмаи абрувони хеле дароз — аз ин рӯ як қадар хунук — ва зиёда сурмаи чашмонаш низ наметавонанд табъи носози ӯро, ки эҳтимол аз чизе, ё аз касе ранҷидааст, бартараф созанд.

Равшан ба назар мерасад, ки ин манзили иборат аз се хонаи пурҷиҳозро нағз таъмир кардаанд. Ва яқин ба қарибӣ... Ҳама озода, батартиб. Ҷевони баланди оинабанд саршор аз зарфҳои гаронбаҳо. Дар пешгоҳ, мақомашон нимдоира, дивани фарш, ду креслои ба вай ҳамранг ва дар мобайни онҳо мизи пастаки хушҷило гузоштаанд, ки дар болояш гулдони калони булӯрин аз анвори қандили низ булӯрини шифти меҳмон-

аз 93
навбатӣ