Зимистони умр (Саттор Турсун)

Ин китоб асари насрии нависандаи тоҷик буда, қиссаву эссеҳо ва хотираҳои муаллифро дар бар мегирад. Дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ, ҳаётӣ ва хотироти шахсии муаллиф бо санъати баланд инъикос ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 87 саҳифа
Баъд аз борони гоҳ шадид ва гоҳ нам-нами қариб серӯза ҳаво аз худи саҳар соф буд. Офтоби тобон ба сари дашту даман бедареғ нур мерехт. Осмон баланд, нилобӣ. Аз қуллаҳои ҳар ҷо-ҳар ҷо барфпӯши кӯҳи Сина боди серун вазида, хусусан ба қалбҳои бетоб фараҳ мебахшид. Аз бедории баавҷи табиат, аз нафаси абрешимвор гарми қарта-қарта заминҳои зумуррадгуни гирду атроф кас беихтиёр рӯҳи тоза мегирифт. Агар ғамгин бошад, ғамашро ба фаромӯшӣ медод; шод бошад, боз ҳам шодмонтар мешуд.
Аз байн ним соат гузашта-нагузашта, Баротлӣ Олимов ҳам омад. Ва пас аз салом-алейку ҳолпурсӣ аз машинаш як қуттии базеби картониро бароварда, дар лаб табассуми бисёр гарм, ба сӯи ман дароз кард.
— Идона... Ҳоло ҳар чӣ дар дохили он бошад, пӯш. Зудтар... моро интизоранд.
— Ин кас Душанбе рафтанӣ, — оҳиста гуфт ба ӯ Темур Шавкат.
— О ту боз чанд рӯзи дигар истоданӣ будӣ, — мутаҳайир ба ман нигарист Баротлӣ.
— Сабабашро мефаҳмонам. Рафтан лозим...
— Хайр, аввал даромада, ин сарулибосро пӯш, — ба қуттии бағалам ишора намуд ӯ. — Бинам, ки андозаи худат ё не. Баъд, ана, гап мезанем.
— Шарт аст ҳамин ҳозир пӯшидан?
— Шарт... — хандид Баротлӣ. — Ният карда будам, ки дар иди Ғалаба ба дастат месупорам.
— Ин тавр бошад, ба чашм! — гуфтам ман ва низ хандида, ба меҳмонхона даромадам.
Дар он ҷо қуттиро кушода, аз дарунаш як костюми ҳам матоъ ва ҳам дӯхташ хеле басифат, куртаи нилобии низ аъло, гарданбанди хушранги шоҳӣ, як ҷуфт кафши чармӣ, такпӯшиҳои

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё