Зимистони умр (Саттор Турсун)

Ин китоб асари насрии нависандаи тоҷик буда, қиссаву эссеҳо ва хотираҳои муаллифро дар бар мегирад. Дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ, ҳаётӣ ва хотироти шахсии муаллиф бо санъати баланд инъикос ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 87 саҳифа
Дар тӯи ҳосилоти шумо, мутаассифона, бо Иброҳим-ака сӯҳбати муфассал надоштам. Маърака одам бисёр буд. Мо танҳо чанд сухан радду бадал кардему бас.
-
Худо хоҳад, имрӯз қусури он рӯзро мебароред, - боз ба шодӣ хандид Темур Шавкат.
-
Аммо бояд иқрор кард: Иброҳим-ака дар рафти ҳамон гуфтугӯи кӯтоҳ низ ба ман хеле хуш омад. Инсони хоксор, самими, бар замми ин доно. Ҳатто ба назарам чунин намуд, ки рамзфаҳм аст вай, одамшинос аст.
-
Охир, беҳуда профессор не лақабаш!
-
Дар ин бора хондам.
-
Аз куҷо? — ба такрор ҳайрон шуд Темур Шавкат.
-
Дар як китоб ба номи «Фидоиёни истиқлолият», - гуфтам ман бо табассум. - Муҳаррираш худатон. Дар ҳамин Деҳнав ба табъ расидааст.
-
О вай се рӯз пеш аз чоп баромаду... Шумо аллакай ёфтед? Ва ҳатто хондед?
-
Касе ки аз сидқи дил меҷӯяд, ҳатман меёбад.
-
Офарин-э! - пиёлаи чойро ба даст гирифт Темур Шавкат.
Банда хоби шаб дидаамро аз нав ба хотир оварда, пас аз қадре сукут хаёлманд гуфтам:
-
Вале рафтани ман ба гумон...
-
Куҷо? - аввал нафаҳмид ӯ.
-
Ҳамроҳи шумо, ба дидори Иброҳим-ака...
-
Сабаб? - баъд бештар гаранг монд ӯ.
-
Баргаштаниам. Дилам камтар нотинч... Боз ин ки, Душанберо пазмон шудаам.
-
Балки аз хона хавотиред?
-
Чандон не. Худам... Аз чӣ бошад, ҳар хел хобҳои парешон мебинам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё