Зимистони умр (Саттор Турсун)

Ин китоб асари насрии нависандаи тоҷик буда, қиссаву эссеҳо ва хотираҳои муаллифро дар бар мегирад. Дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ, ҳаётӣ ва хотироти шахсии муаллиф бо санъати баланд инъикос ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 87 саҳифа
даи бетолеъ будаам... рӯзам сиёҳ!
– Вазни ншав, ҷӯраҷон, — маҷбур мегӯям ман. — Ин қабил бори ғамро, ин қадар ояти таҳаммулро ба дӯши мард фармудааст Худои карим. Ҳама меравем аз дори дунё. Фақат... яке пештар, дигаре дертар.
– Рост, ҳама меравем. Бо вуҷуди ин фикр мекунам, ки имрӯз агар падари аз азал ҷафокаши ман дар барам мебуд, шояд дарду доғи писарро низ осонтар мекашидам, — ба куҷоҳо сар мезанад хаёли Нурмуҳаммад. — Аҷаб хокистони бевафо!
– Осмон баланд, замин сахт, — мегӯям, оҳиста даст ба китфи ӯ гузошта. — Акнун вазифаи ту, то метавонӣ, рӯҳи онҳоро шод кардан аст. Илоҳӣ ҷояшон аз пешгаҳи ҷаннат бошад...
Бале, имрӯз дар байни мо нест Бобораҳмат Юсуфов. Султон-ота эшону мулло Муҳаммадраҷаб низ аз қайду банди зиндагӣ озод шудаанд. Вале номи неку кори неки онҳо боқист.
Пайванди наслҳо боқист.
Кас мехоҳад, ки ин пайванд ҳаргиз гусаста набошад. Дар дили мо аз ҳаёти мардони майдон, аз рӯзгори ҳамаи онҳое ки аввало дар ғами халқ ва диёри азизи худ будаанд, чун субҳи содиқ, чун осмони нилобӣ, чун анвори офтоби тобон ёдҳои равшан, гарм ва ҷонбахш монад. Рӯҳи поки онҳо дар ин дунёи бекарон дастгири ҳар мусофиру муҷобир бошад...
Сифати ҳар инсонро аз забони одамон шунидан мебояд. Чунки хислатҳои умдаи кас ба чашми ғайр зудтар мерасад. Неку бади ин ё он нафарро аз худи ӯ дида... дигарон бештар ба му-

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё