Зеҳн
Зимистони умр (Саттор Турсун)

Ин китоб асари насрии нависандаи тоҷик буда, қиссаву эссеҳо ва хотираҳои муаллифро дар бар мегирад. Дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ, ҳаётӣ ва хотироти шахсии муаллиф бо санъати баланд инъикос ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 87 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Орифтан аз зироат гуна-гуна тадқиқот мебурданд. Алалхусус чӣ тавр, бо кадом заҳматҳо ба обу ҳавои Деҳнав мутобиқ гардидани дарахтони субтропикӣ онҳоро бештар ба худ машғул медошт. Дар ин мавзӯи муҳим чор-панҷ нафар рисолаҳои номзадиву докторӣ ҳам дифоъ карда буданд. Бисёре аз олимони зироат хоҷагии Бобораҳматакаро дар миқёси ҷумҳурӣ ба сифати як пажӯҳишгоҳи хуби соҳаи кишоварзӣ мешинохтанд. Ва ин ҳақиқат, албатта, замина дошт, заминаи мустаҳками амалӣ дошт...

Ман дар меҳмонхонаи озодаи воқеъ дар миёни боғи овозадор, ки Бобораҳмат Юсуфов панҷоҳ сол муқаддам ба бунёди он асос гузоштааст, ин сатрҳоро ба рӯи коғаз оварда, маҳзун аз дил мегузаронам, — инак нест вай дар қайди ҳаёт. Охир, ман мешинохтамаш! Паҳлавонвор ҳайати ӯ то кунун дар пеши назарам зинда аст. Нахустин писараш Нурмуҳаммад, ки солҳо инҷониб ба ҳам ёру рафиқем, ҳар рӯз аз аҳволи ман хабар мегирад. Сураташ айнан ба монанди падар, сӯҳбатҳои ширин дорад вай. Дар ноҳия лоиқи ҳурмат ва эътибор буда, кайҳост номбардори волиди худотарси худ гардидааст.

— Аз рӯзи вафоташ зиёда аз як сол гузашт, — мағмум мегӯяд Нурмуҳаммад. — Лекин то ҳол дилу ҷигарам хун мешавад. Гоҳо, махсусан вақте ки хонаро хилват меёбам, ғуссаам боло гирифта, беихтиёр ашк мерезам.

— Чӣ илоҷ, марги падару модар мерос... — ӯро тасаллӣ додан мехоҳам ман.

— Аммо марги фарзанд теғи алмос! — калла ҷунбонда, гӯё худ ба худ ба забон меорад Нурмуҳаммад. — Писари паҳлавонамро ҳам гум кардам. Нохост... Бадбахт будаам, дӯстам, як бан-

пешина
аз 87
навбатӣ