Зимистони умр (Саттор Турсун)

Ин китоб асари насрии нависандаи тоҷик буда, қиссаву эссеҳо ва хотираҳои муаллифро дар бар мегирад. Дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ, ҳаётӣ ва хотироти шахсии муаллиф бо санъати баланд инъикос ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 87 саҳифа
Як худи Эшони Султон-ота ва аҳли оилаашро аз доми маҳрумиятҳо берун кашид, инчунин охиртари солҳои чил мулло Муҳаммадраҷаб ном шахси бамаърифат, аммо барои саводи кӯҳнааш аз дасти сохторҳои ҷазодиҳанда гурезаро ҳам, ки низ дар Тоҷикистон, дар мавзеи Ҳазрати Мавлонои ноҳияи Янгибозор паноҳ бурда, шаш-ҳафт сол боз дар он ҷо мезистааст, ба Деҳнав, ба колхози худ кӯчонда овард. Зеро мехост ин марди даҳ дасташ ҳунар минбаъд... ҳам осуда умр бинад, ҳам ба ривоҷи хоҷагии вай, ки барояш чун фарзанд азиз аст, ёрӣ расонад.
Мулло Муҳаммадраҷаб аз тафсири Қуръон бояду шояд огаҳӣ дошт, ба илова устои хуб буд — санги осиё метарошид, ҷувозу обҷувоз месохт, осиёб меандохт... ва ин гуна дӯкону дастгоҳро худаш идора карда ҳам метавонист, ба дигарон низ меомӯхт. Дар натиҷа хоҷагӣ аз равғани зағиру биринҷ ё орди ба сокинонаш кофӣ пайваста таъмин мегардид.
Назир надошт Бобораҳмат-ака дар одамгариву инсондӯстӣ. Шӯҳраташ он қадар баланд буд, ки мардуми раҳгумзада умедвор такя ҷуста, аз атрофу акноф оила-оила ба колхози вай муҳоҷир шуда меомаданд. Ду-се хоҷагӣ ҳатто аз Туркманистон барин сарзамини дур кӯч баста, дар ин ҷо, дар зери қаноти Бобораҳмат-ака хонаву дар сохта, ба рӯзи сафед расиданд.
Колхоз на танҳо аз ҷиҳати иқтисод ва дараҷаи маорифу маданият пеш рафта, аъзояш ҳаёти бофароғат доштанд, балки тадриҷан ба як маркази ҷустуҷӯҳои илмӣ ҳам табдил меёфт.
Аз ҳар ҷо ба ин хоҷагӣ олимон омада, ба таҷрибаи деҳқонону чорводорон шинос шуда, доир ба гӯсфандпарварӣ ва роҳҳои ҳосили баланд ги-

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё