Зеҳн
Зимистони умр (Саттор Турсун)

Ин китоб асари насрии нависандаи тоҷик буда, қиссаву эссеҳо ва хотираҳои муаллифро дар бар мегирад. Дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ, ҳаётӣ ва хотироти шахсии муаллиф бо санъати баланд инъикос ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 87 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

шоҳида мегиранд. Масалан, табибони хуб мегӯянд, ки ҳангоме беморро муоина мекунӣ, аз ёд набар — бемор низ туро муоина мекунад.

Ин чиз, ба назарам, дар муносибат байни роҳбар ва зердастон ҳам мушоҳида мешавад. Зердаст на танҳо фармоиши сарвари худро ба иҷро мерасонад, на фақат муносиби талаботи вай аз паи ба амал овардани нақшаи муайян мегардад, инчунин дар ҷараёни ҳамкорӣ хӯю хислати ӯро низ ҳатталимкон меомӯзад. Ба ҳар ҳол, пас аз муддате дар зери дасти роҳбар вазифаеро ба ӯҳда доштан... метавонад дар бораи вай фикри худро баён созад. Ва ақидааш агар холисона бошад, аксар вақт дар баҳо додан ба шахсе ки якҷоя ба ӯ фаъолият кардааст, ҳақ ҳам мабарояд.

Пештар гуфта будам, ки дар Деҳнав дидори баъзе дӯстон муяссар гардида, ба як идда одамони шариф низ ошно шудам. Аз онҳо кадоме бевосита дар дастгоҳи Бароталӣ Олимов кор кунад, дигаре шуғли озод дорад, сеюмӣ ба табобати беморон, ё ин ки тарбияи кӯдакон мутасаддӣ аст. Ва ғайра... Лекин, муҳиммаш, онҳо дар ҳисоби раияти ҳамин Деҳнаванд, дар ҳамин ҷо адои вазифа мекунанд. Ва албатта — яке камтар, дигаре бештар, — чӣ гуна роҳбар ва чӣ хел инсон будани ҳокими ноҳияи худро медонанд. Ё ҳеҷ набошад, метавонанд ба фаъолияти ӯ алоқадри фаҳму фаросати хеш баҳо диҳанд.

— Сухан рондан дар бораи ҳокими мо ҳам душвор, ҳам осон, — мегӯяд сардори раёсати техники кишоварзӣ дар ноҳия Хуррам Азизов. — Душвор барои он ки ҳатто дар ғайбаш ваҷоҳат ва дониши ӯ касро пахш мекунад. Шояд чунин эҳсоси ман аз ғояти эҳтиром бошад. Дар ҳар сурат, гап задан аз хусуси одамони худодод саҳл

пешина
аз 87
навбатӣ