Зимистони умр (Саттор Турсун)

Ин китоб асари насрии нависандаи тоҷик буда, қиссаву эссеҳо ва хотираҳои муаллифро дар бар мегирад. Дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ, ҳаётӣ ва хотироти шахсии муаллиф бо санъати баланд инъикос ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 87 саҳифа
онро тадриҷан ба хоҷагии калони серсоҳа, сердаромад ва дар миқёси ҷумҳурӣ хеле обрӯманд табдил дод. Аммо қонуни ҳаёт тавре будааст, ки ҳар қадар ба назарҳо намоён гардӣ, дар қатори ёрӯ дӯст одамони бахил низ дар атрофат пайдо мешудаанд, душман низ меёфтаӣ. Чӣ илоҷ — аз рӯзе ин хокдони ғурур барҷост, дар муқобили некӣ давра ба давра бадӣ қарор дорад. Бобораҳмат-ака дигар тоб оварда натавонист... ва бо вуҷуди он ки аҳли колхоз қариб ҳама ҷонибдори ӯ буданд — он вақт хоҷагӣ бисту як деҳаи хурду бузургро дар бар гирифта, нӯҳ ҳазор нафар аҳолӣ дошт, — пас аз қадре тааммул мансабашро ба ихтиёри худ партофт.
Вай он сол ба синни панҷову ду қадам мемонд, айни бақувватӣ ва ақлу заковаташ буд. Аз ин рӯ, то ки таҷрибаи андӯхтааш зоеъ нагардад, дар худи ҳамин колхоз чун агроном ба кор шурӯъ намуд. Мутасаддии полезу боғдорӣ ва парвариши сабзавот буд. Вале аз байн як сол нагузашта... ин вазифаро низ супурд. Сабаб — игвои ашхоси мансабпараст ва думравони эшон кам намешуд, балки авҷ мегирифт. Занбӯрхонаро мемонд колхоз. Ҳадафдорон ба гурӯҳҳо тақсим гардида, ҳар кадоме аз онҳо мехост раиси навро ҳам аз вазифааш маъзул сохта, ба ин мансаб одами худашро бардорад. То ки комёб шаванд, он мардуми носерам ҳатто тайёр буданд хоҷагиро ду ё се қисмат кунанд. Воқеан, баъдтар онҳо ба мақсад расиданд. Оҳиста-оҳиста аз шаҳомати колхози Улянов қариб чизе намонд.
То даме ки ба илтимосу илтиҷо ӯро директори муассисаи пиллапарварии ноҳияи Деҳнав таъин намуданд, Бобораҳмат Юсуфов тайи қариб панҷ сол ягон вазифаро ба ӯҳда нагирифта, аз

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё