Зеҳн
Зимистони умр (Саттор Турсун)

Ин китоб асари насрии нависандаи тоҷик буда, қиссаву эссеҳо ва хотираҳои муаллифро дар бар мегирад. Дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ, ҳаётӣ ва хотироти шахсии муаллиф бо санъати баланд инъикос ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 87 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

ро ғалла, боғу роғ, юнучқазор, полез, сабзавот ва ғайра дар бар мегирифт. Дар чарогоҳу фермаҳо гову гӯсфандон ҳазор-ҳазор буданд. Колхоз ҳар сол нақшаи худро дар тамоми соҳаҳо пурра, ҳатто барзиёд иҷро карда, дар вилоят калонтарин шинохта мешуд.

Пас худ аз худ маълум, ки сарвари чунин хоҷагӣ, албатта, як шахси ҷонфидо буд. Боз...
номаш кӯҳ, аз дур аст ё наздик, зуд ба чашм мерасад. Бинобар ин Бобораҳмат Юсуфов дар синни чилупанҷсолагӣ ба унвони Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ қадр гардида, баъд аз чанд моҳ ба мақоми вакили Шӯрои Олии умумииттифоқ расид. Ва табиист, ки дар баробари шуҳрат ташвиши мудоми ӯ ба маротиб афзуд, масъулияташ боло рафт. Чун як инсони тадбиркор вай акнун дар ҳалли бисёр масъалаҳои муҳимми вилоят, ҳатто ҷумҳурият ширкат варзида, фикри хешро холисона баён медошт.

Арзу доди мардум ҳам, ки ба ин ё он ноҳаққӣ гирифтор шуда, аз бисёр ноҳияҳо — ба мисли Зарчашма, Бойсун, Шеробод... ӯро пушту паноҳ дониста меомаданд, кам набуд. Бобораҳмат-ака ба мақомоти дахлдор муроҷиат намуда, то метавонист, мушкили онҳоро осон мекард, ҳақро ба ҳақдор мерасонд. Азбаски дар кӯдакӣ, айёми навҷавонӣ ҳам... азобҳои зиёде дида буд, қадри одаму оламро хуб медонист; ҷавоби фардо — рӯзи қиёматро аз ёд намебурд. Аз кирдори ашхоси бераҳм ва хештанпараст, фиребгар ва дурӯя, алалхусус афроди ҳаромхӯр ғазабаш омада, муддатҳо бедимоғ мегашт. Зеро ҳеҷ тобу тавон надошт ба дидани дарди фарзанди мусулмон.

Хулоса, дар маҷрои беш аз бист сол раисӣ
Бобораҳмат Юсуфов як колхозаки беҳад камба-

пешина
аз 87
навбатӣ