Зеҳн
Зимистони умр (Саттор Турсун)

Ин китоб асари насрии нависандаи тоҷик буда, қиссаву эссеҳо ва хотираҳои муаллифро дар бар мегирад. Дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ, ҳаётӣ ва хотироти шахсии муаллиф бо санъати баланд инъикос ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 87 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Тем. Азбаски вай инсони бадиёнат буд, дар байни халқ сазовори номи накӯ гардид». Дар таърифи на ҳар кас ин гуна баҳоро раво медонанд. Боз... асос надошта бошад, Нуриддин Муҳиддинов барин арбоби маъруфи давлатӣ ва сиёсӣ, як шахсияти феълан шоиста тавсифи омадаро ҳаргиз ба қалам намедод.

Бале, асос дорад «инсони бадиёнат» гуфтани он марди дунёдида. Зеро Бобораҳмат-ака Юсуфов дар воқеъ бандаи чунин хислати олӣ буд. Ман ӯро дар айёми донишҷӯӣ ба шарофати ёру бародариамон бо писараш шахсан мешинохтам. Таклифи Нурмуҳаммадро қабул дошта, ду маротиба дар ҳамин Деҳнав, дар хонаи ободи онҳо меҳмон шудаам. Ва албатта, ба сарвари оила, марди камгап, вале ниҳоят самими Бобораҳмат-ака ҳамсӯҳбат будам. Аз лаҳҷаи гармаш ҳаловат бурда, ба ҳавлии хоксоронааш эътибор дода, беихтиёр фикр мекардам, ки яқин ӯ як инсони худотарс аст. Дар ин баҳорон низ... дар ҳамин ҷо, дар боғи сарсабзи собиқ колхози Сталин, пас ба номи Улянов, ҳоло ба номи Отабоев, ки раисаш муддатҳои мадид Бобораҳмат Юсуфов буд, ба чанд нафари дар ноҳия касбу корашон гуногун вохӯрда, борҳо шунидаам, ки ҳаёти ӯро, баъзе рафтору кирдорашро ба хотир оварда, ба оҳанги таҳсин мегуфтанд, — Худо раҳмат кунад, бадиёнатии фарзанди одам ҳамин қадар мешавад...

Дар миёнаи солҳои панҷоҳ колхози Сталин — баъд аз маҳкум гардидани шахспарастӣ ба номи Улянов — якҷоя ба чарогоҳ ва киштзорони лалмӣ дар атрофи сӣ ҳазор гектар замин дошт, ки панҷ ҳазор гектараш обӣ буда, аз ин ҳисоб дар севуним ҳазор гектар пахта кишт мекарданд. Боқимонда як ҳазору панҷсад гектар-

236

пешина
аз 87
навбатӣ