Зеҳн
Зимистони умр (Саттор Турсун)

Ин китоб асари насрии нависандаи тоҷик буда, қиссаву эссеҳо ва хотираҳои муаллифро дар бар мегирад. Дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ, ҳаётӣ ва хотироти шахсии муаллиф бо санъати баланд инъикос ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 87 саҳифа

АдабиётҚисса
Аз аввал хондан

Ҳамкорӣ бо одамони бадният дилгир шуда, танҳо дар ҳавлии худ ба деҳқону чорводорӣ шуғл варзид. Инчунин вай ба тарбияи фарзандон, ба хондану маърифат бардоштани онҳо эътибори ҷиддӣ медод.

Бобораҳмат-ака дар ҳаёт марде буд, ки ҳеҷ гоҳ, ҳатто дар авҷи шӯҳрат ва иззату эътибор низ, манманиро намедонист, аз кибру ғурур канора меҷуст; ҳамеша ба сӯи ҳақиқат мешитофт. Ҳар кӣ ростқавлу заҳматкаш бошад — хоҳ деҳқон аст вай, хоҳ аз аҳли зиё, — эҳтиромашро ба ҷо меовард. Рафту ба ягон нақшаи савоб тасмим гирад, тамом... ба сад душворӣ нигоҳ накарда, онро ҳатман амалӣ мегардонд.

...Солҳои ҷанг, бо вуҷуди нарасидани дасти корӣ, аз ҳисоби ботлоқзорҳои пурнай хеле замин кушода, Бобораҳмат-ака аз таҳти дил мехоҳад як боғи калони сарсабз ва сермева бунёд кунад. Аммо аз куҷо меёбад боғонеро, ки худаш батаҷриба, ҳалолкор, банамоз ва дасташ гул бошад?

Дар ин хусус ӯ ба чанд нафар маслиҳат ороста, оқибат мефаҳмад, ки дар Тоҷикистон, дар кадом як деҳаи ноҳияи Ҳисор эшоне умр ба сар мебарад номаш Султон-ота. Вай аслан андиҷонӣ буда, ба айби «ту худопарастӣ» гирифтори таъқиб шуда, дар оғози солҳои сӣ гурехта ба ноҳияи Ҳисор меояд. Шоҳидон то ҳол мегӯянд, ки он марди паҳлавонсифат на танҳо аз дину диёнат ва Қуръони маҷид пурра баҳраманд буд, ҳамчунин дар деҳқонӣ, махсусан дар боғдорӣ низ ҳамто надошт.

«Чӣ бояд кард? — меандешад раис. — Чӣ тавр ӯро ба ин ҷо кӯчонда овардан мумкин? Бо кадом роҳ? Дар ҳар сурат илоҷашро ёфтан лозим».

пешина
аз 87
навбатӣ