Зимистони умр (Саттор Турсун)

Ин китоб асари насрии нависандаи тоҷик буда, қиссаву эссеҳо ва хотираҳои муаллифро дар бар мегирад. Дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ, ҳаётӣ ва хотироти шахсии муаллиф бо санъати баланд инъикос ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 87 саҳифа
да, ба масъулиятшиносӣ дар ҳалли масъалаҳои чӣ хурд, чӣ бузург аз дилу дидаи мардум ҷой мегирифт.
Ин буд, ки вай муддате дар ноҳияи Гагарин фаъолият намуда, котиби аввали кумитаи комсомоли вилоят, баъдтар, ҳанӯз ба сӣ қадам нагузошта, котиби Кумитаи Марказии комсомоли умумиӮзбекистон интихоб гардид. Ёд дорам, раҳматӣ падарам болида, мегуфт:
— Баротalӣ, писари Олим-паҳлавон, котиби марказкоми комсомол шудааст. Худо мададгор бошад. Баақл-дия, баақл! Агар не, ҳоло бисёр ҷавон... Лекин бубин, ки аллакай котиби марказком. Иншооллоҳ, вай боз месабзад, шарафи водгоҳаш Бойсунро мебардорад. Ҳа-а... — Ва хандида, илова мекард: — Ту ҳам ман одам гуфта гаштай. Осон не одам шудан — хон, нағзтар хон, то метавонӣ, аз худ номи нек гузор...
Воқеан, кор дар пойтахти ҷумҳурӣ хоса душвориҳо дошт. Аввалан, бо тақозои вазифа ба ҳар гӯшаву канори он сафар кардан лозим меомад. Бароталӣ мекӯшид, ки дар рафти ин сафарҳо на фақат ба ҷавонон, пасту баланди ҳаёти онҳо ошно гардида, бароишон маслиҳатгар бошад, ҳамзамон ба одамони батаҷрибаву дунёдида низ вохӯрда, дар сӯҳбат шуда, аз вазъи феълии мамлакат то ҳадди имкон хабар ёбад.
Сониян, фаъолият дар идораи марказии комсомол худ аз худ чунин шароит фароҳам меовард, ки бо вазиру вузаро, кормандони масъули
Кумитаи Марказии ҳизб, аз ҷумла котибони он,
роҳбарони ташкилоту муассисаҳои калон-калон,
сарварони заводу фабрикаҳо... ва албатта, ба
олимон, нависандагону санъаткорон зуд-зуд дар
алоқа бошӣ, сӯҳбатҳо барпо намой, доир ба ин ё

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё