Зеҳн
Зимистони умр (Саттор Турсун)

Ин китоб асари насрии нависандаи тоҷик буда, қиссаву эссеҳо ва хотираҳои муаллифро дар бар мегирад. Дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ, ҳаётӣ ва хотироти шахсии муаллиф бо санъати баланд инъикос ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 87 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

меҳрубон, тарбиятгар, падарвор дилсӯз, бешак, котиби аввали кумитаи ҳизби вилоят АбдусамаД Муродов буд. Аз байн муддатҳо гузашта бошад ҳам, он марди дардошно аз ин дунёи равшан кайҳо чашм пӯшида бошад ҳам, то ҳол мегӯянд, ки вай дар мансаби худ ба кордонӣ, садоқат ва ғамхорӣ дар ҳаққи халқ шахсе буд нотакрор... Пас чунин роҳбар дар ягон ҷо агар ҷавони баақлеро таки чашм мекард, магар ором мегузошт ӯро? Албатта, не... Аз ҳар ҷиҳат месанҷидаш, аз як кор ба кори дигар мегузаронд, роҳу равиш нишон медод, сидқан тарбия мекард.

Аз нахустин қадамҳои фаъолияташ ба Бароталӣ назари ҳамин инсони некбин афтида буд. АбдусамаД Муродов дар баробари он ки ӯро аз барои тезҳушиву покзеҳнӣ ва заҳматписандиаш хеле дӯст мадошт, сахтгирӣ ҳам мекард. Вале аз рафтори вай ғолибан меҳри устодӣ нисбат ба шогирди пурдону бовафо ҳувайдо мегашт.

Ва ин ба Бароталӣ хуш меомад, ба ӯ қанот мебахшид. Ниҳоят рӯҳбаланд гардида, ормонҳояш, ки ҳама вобаста ба хизмати халқ буданд, гӯё шукуфта, вай дар иҷрои вазифаи худ маҳкамтар миён мебаст, бештар кор мекард. Боз ин ки, дар ҷараёни муомилаву муносибат ба ҷавонон дарси душвори одамгарӣ низ меомӯхт. Аз як ҷониб насиҳату маслиҳатҳои падар, аз ҷониби дигар дар симои АбдусамаД Муродов сабақи устодро ҳазм намуда, зуд-зуд аз боби оламу одам ба хаёл рафта, қабл аз ҳама вафо ба ёру диёр, ба халқ ва дӯстони беғаразро пешаи худ қарор дода, тадриҷан камол меёфт. Ва дар кадом ноҳия кор кунад, ба ахлоқи ҳами-

пешина
аз 87
навбатӣ