Ҳасрат

Китоб аз асари нависандаи маъруфи тоҷик Саттор Турсун иборат аст. Дар он воқеаҳои марбут ба зиндагӣ ва тақдири инсонҳо тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 67 саҳифа
Тарсу набудааст, — шодон дум меликонад; мисли он ки дер боз ба ҳам ошноем, қадре фук ёзонда, суоломез ба рӯям менигарад. Ғамгинанд чашмонаш, бегуноҳанд. Гӯё сидқан пурсидан мехоҳад, ки чӣ ҳол дорам; аз ин манзилу ин мардум хушнудам ё не... Ман диккак нишаста, шонаҳои Шамшерро мутаҳайир сила мекунам, ба рӯяш мулоим даст мебарам, пои маҷрӯҳи қариб дуқаташро сабук мемолам. Ҷонвар кӯдаквор хурсанд шуда, ба ман бештар ҷафс мегардад, бештар дум меликонад.
Ҳамин вақт Саъдӣ меояд, набераи калони Бибирухсора... Вай сездаҳсола буда, фарзанди талбидаи ягона хоҳари Хуросон аст. Аз рӯзе ки ба ин деҳаи кӯҳистон омадаам, писарак чун мизбони мардина шабҳоро ба ман дар хонаи бибиаш мегузаронад.
— Саҳар боз наменамой... — хандида, аз ӯ сабаб мепурсам.
— Алаф даравидам, — низ хандон ҷавоб мегардонад Саъдӣ.
— Тамоми рӯз?
— То ҳамин ҳозир.
— Дар ҳавлиатон?
— Не, дар адири тафсон, — пушти гардан мехорад Саъдӣ. — Мо дар он ҷо ҳам камтар замин дорем.
— Ана барои чӣ ранги рӯят сиёҳтар метофтааст...
— Офтоб чунон месӯзонад, ки...
— Хаста шудӣ?
— Хаста ҳам гап? Бирён шудам-э!
— Нағз, ки зинда мондай, — механдам ман.
— Албатта! — механдад ӯ.
Дукаса рафта ба кати васеи саҳни ҳавлӣ ме

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё