Зеҳн
Ҳасрат

Китоб аз асари нависандаи маъруфи тоҷик Саттор Турсун иборат аст. Дар он воқеаҳои марбут ба зиндагӣ ва тақдири инсонҳо тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 67 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

— Набошад, чӣ!

— Ба модарам медиҳӣ, — гуфт Хуросон, ҳамоно ба дастам шоду бод панҷсад доллар қапонда.

— Рафту ба амонат хиёнат кунам... — аз чунин эътимоди ӯ дар ҳайрат монда, беихтиёр ба забон овардам ман.

— Ошат шавад!

Мо баробар хандидем.

Баъд роҳи Душанберо пеш гирифта, аҳли оилаамонро дар муҳити амну амонӣ ёфта, камобеш як ҳафта дар бари падару модарам, хоҳараки меҳрубонам истироҳат кардам. Ёру дӯстонро дида, то ҳадде занги дил бароварда, оқибат машин ҳам харидам. Ва ал-ваъда ва ад-дайн гуфта, се рӯз қабл, чоштгоҳони пурфайзи ин тобистон, ниҳоят ба дидори деҳаи бародархонди худ Хуросон низ расида, аз шиносоӣ ба модари меҳнатии ӯ хушу хурсанд сар ба осмонҳо соидам.

5

Шафақаш фазои кӯҳи на чандон дурро ҷо-ҷо гулобиву қирмизӣ гардонда, курси оташгуни офтоб ноаён ба ғуруб мелағаҷад. Ман аз хона сабук берун омада, дар айвони дароз муддате ба он лолазор чашм медӯзам. Саҳни ҳавлӣ, ки пеши имораташро об зада рӯфтаанд, ҳоло сокит аст. Фақат ғул-ғули ҷӯйбор якмаром ба гӯш расида, рӯҳи касро болида месозад. Омехта ба нафаси гулу гиёҳ андак-андак бӯи хоки тар меояд, ки низ ба таври худ гуворост. Нохост аз катаки он тарафи ҷӯйбор қут-қути пасти мурғон паҳн гардида, намедонам аз куҷо... як пояш ҳамчунон кашол, саги хонадон Шамшер пайдо мешавад. Ва дар бадали ин рӯзҳо тани лоғарашро нахустин бор ба соқи ман беозор молида — пас зиёда

пешина
аз 67
навбатӣ