Зеҳн
Ҳасрат

Китоб аз асари нависандаи маъруфи тоҷик Саттор Турсун иборат аст. Дар он воқеаҳои марбут ба зиндагӣ ва тақдири инсонҳо тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 67 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

тӯфонӣ, балки як саҳро сурбгарон буд нигоҳаш.

Сафаралӣ ба таҳдиқи он яқин тоб оварда натавонист ва сараш ҳам, нафратомез ғурунгос зад:
— Тарсонданашро бинанд!

Дигар садое набаромада, хонаро аз сари нав сукунат фаро гирифт.

— Нафаҳмидӣ, а? — вазнин пурсид ниҳоят Хуросон, ки акнун ба пеши пояш менигарист.

— Не-е, нафаҳмидам! — ҳамчунон оҳиста, вале базарда гуфт Сафаралӣ.

— Пас гӯш фаро деҳ.

— Гӯшам ба ту.

— Ба ман ки бошад, агар дар воқеъ фаромӯш кардаӣ, аз таку тирезаш ба ёдат меорам, — тохта аз ҷой хест Хуросон ва чун кӯҳ дар муқобили вай қад кашида, як дасташ шоф, дона-дона идома дод: — То ҳол ба ҳеҷ кас пӯшида нест, ки аз деҳаи шумо, умуман аз тамоми ноҳия падари ту пешсафтарин ҳезумкаш буд ба оташи он ҷанги бародаркуш. Аввал ҳатто ба воқеаҳои феврал алав мемонд. Мӯйсафед, мегуфтанд мардум, дар фиребу найранг устухон надорад. Бар замми ин то ҳадде бераҳм, ки лозим донад, мижааш ҳам нахӯрда, хешу таборашро ҳам ба занҷиру завлона медиҳад.

— Исбот лозим, — дар лаби кат нимхез шуд Сафаралӣ.

— Наҷунб аз ҷоят! — гуфт Хуросон, ӯро аз китфаш ба кафи фарохи худ пахш карда. — Исботаш, малъун, он чӣ раият медонад. Ҳарчанд аз ту хурдтар будам, он чӣ ман медонам...

— Ба гузашта салавот, гуфтаанд, — эҳтимол
пеши сухани Хуросонро гирифтан мехост, ки
нарм ба забон овард Сафаралӣ. — Қаҳи кӯҳнаро

пешина
аз 67
навбатӣ