Ҳасрат

Китоб аз асари нависандаи маъруфи тоҷик Саттор Турсун иборат аст. Дар он воқеаҳои марбут ба зиндагӣ ва тақдири инсонҳо тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 67 саҳифа
— Дар ҳар сурат, ба ту кордор нашудаам.
— Чунки маро дидан замон буз барин меларзӣ.
— Худатро бисёр қаҳрамон нагир. Чашм мерасад.
— Ана, боз заҳр задан мехоҳӣ. Беҳуда нагуфтаанд: неши каждум на аз баҳри кин аст, муқтазои табиаташ ин аст.
— Фардо, рӯзи қиёмат, Худои карим худаш муайян мекунад, ки каждум кисту сангпушт чист.
— Эҳа-а-а! Ту ҳатто аз қиссаву ривоятҳо хабар доштай, — акнун баландтар хандид Хуросон. Ва ба ҷониби ман нигариста, ёдовар шуд: — Гуфтам-ку: ин мормулло айнан нусхаи падараш. Вай ҳам мардуми содаро гоҳ ба даму дуо бошад, гоҳ ба қиссаву ривоят афсун мекард. Хоҳад, маймунвор бозӣ доронда, худи онҳо бехабар, дар як лаҳза ба ҷангу ҷидол меандохт.
— Падари ман чор сол боз раҳматӣ, — қариб ба гиря омад Сафаралӣ. — Айбу изоро намедонӣ?!
— Дурусташ — лаънатӣ! — дар ҷавоб озод ба забон гирифт Хуросон.
— Бигузор ба фикри ту лаънатӣ бошад. Вале монанди баъзеҳо худобехабар набуд.
— Кӣ ҳамон баъзеҳо?
— Масалан, ана ин... Баҳодури додарамон, — ба тасбеҳаш маро нишон дод Сафаралӣ.
— Ман чӣ?
Вай Саме лаб фурӯ баст.
— Ман чӣ? — ба таҳдид такрор кард Хуросон.
— Ба ту кор надорам, — гуфт базӯр Сафаралӣ.
— Не-е, кор дорӣ! Лекин то вақту соаташ расидан ба лабат кулӯх молида, даму дуд мегардӣ. Ягон рӯз поям лағжад, баъд, ана, ҳай доира мезанӣ, ки ман мусулмон набудам, аслан одам ҳам

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё