Ҳасрат

Китоб аз асари нависандаи маъруфи тоҷик Саттор Турсун иборат аст. Дар он воқеаҳои марбут ба зиндагӣ ва тақдири инсонҳо тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 67 саҳифа
Магнитофонро ба парраи даст зада, аз нав дар таки по андохт. — Гум шав аз назарам, косалеси лаин!
Вақте ки Исроил печутоб хӯрда, чун барги бед ларзон худро филҳол қафо кашид, вай ба як ҷаҳидан Сафаралиро аз гиребонаш гирифта, сахт афшонд. Маълум буд, ки заданист. Лекин аз чӣ бошад:
— Астағфируллоҳ! — гуфт ва ӯро раҳо карда, зуд ба ман рӯй овард: — Ту ҳам одами чандон сиҳат набудай!
— Охир... — дигар гап наёфта, низ беихтиёр ба по хестам.
— Ба ҷои ин қадар лақидан як мушт фуроварда, манаҳашро ҷобаҷо намебандӣ?!
— Одами аз ман калон... — боз гап наёфта, дафъатан лаб фурӯ бастам.
— Ин махлуқ на калон аст, на хурд, — даст афшонд Хуросон. — Як иғвогари гузаро. Ба зоту зурёташ.
— Аз куҷо медонистам... — бештар ҳайрон монда, китф барҳам кашидам ман.
— Акнун бидон! — гуфт ба шиддат Хуросон. — Дониста мон, ки ин мормулло айнан нусхаи падараш. Аз ягон кори паст ҳазар намекунад. Дар забон ояти Қуръон, мардуми оламро гӯлу гумроҳ пиндошта, рафту фурсати муносиб ёбад, ҳатто аз дуздиву ғарӣ рӯй наметобад.
Ман аз ин сухани бадтар аз мушту лагади ӯ, ки ҳамчунон даргазаб буд, тамоман лол шуда, хомӯш дар ҷои худ нишастам.
Хуросон мушташро гоҳ гиреҳ кардаву гоҳ кушода, дар мобайни хона боз каме рост истод. Сипас ғайр аз ман дигар ба ҳама ҳозирон як-як вазнин назар андохта, низ дар болои кат ни-

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё