Зеҳн
Ҳасрат

Китоб аз асари нависандаи маъруфи тоҷик Саттор Турсун иборат аст. Дар он воқеаҳои марбут ба зиндагӣ ва тақдири инсонҳо тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 67 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Ҳозир гуфта метавонӣ, ки мусулмонӣ ба чанд аст?
— Ба панҷ, аллома, — хандидам ман. — Инро ҳатто бачаҳои хурдсол медонанд.
— Наход? — ба оҳанги тамасхур низ хандид Сафаралӣ. — Ку ҳоло аз туи калонсол шунавем.
— Агар бисёр имтиҳон кардан мехоҳӣ, пас гӯш дор. Аз аркони ислом он чи иҷрояш ба ҳар фарди мусулмон фарз, яъне ҳатмист, инҳо мебошанд: калимаи шаҳодат, панҷ вақт намоз, рӯзаи моҳи шарифи рамазон, закоти мол ва ҳаҷ...
Шуд, ё боз гапат ҳаст?
— Гап мӯл.
— Хайр?
— Ту аслан аз куҷои шимол?
— Яъне?.. — гаранг шудам ман.
— Мегӯям, ки хуҷандии софӣ ё аз дуру наздикаш? — ба даст тасбеҳ гирифт Сафаралӣ.
— Чӣ фарқ дорад?
— Фарқаш калон. Камтар кӯҳистонӣ бошӣ, хуб аст.
— Рафту аз водӣ рӯида бошӣ, не... — кафамнакафам, мароқ овардам ман. — Ҳамин тавр?
— Ҳуққабозанд мардуми водӣ, — дафаътан хунук ханда зад Сафаралӣ.
— Номаъқул кардӣ! Ин як...
— Эҳа-а-а! — ваҷоҳаташ ҷиддӣ гардида, филҳол хитоб намуд ӯ.
— ...Сониян, — гуфтам ман, — оё дар байни мардуми кӯҳистон ёфт намешавад ҳуққабоз?
— Ту дар бораи шимолиҳо гап зан.
— Дар бораи ҷанубиҳо чӣ?
— Инашро ба мо гузор.
— Ту чӣ хел одамӣ?! Наход ба ҳамин синну сол расида, ришат кулӯта, ягон бор фикр накар-

пешина
аз 67
навбатӣ