Зеҳн
Ҳасрат

Китоб аз асари нависандаи маъруфи тоҷик Саттор Турсун иборат аст. Дар он воқеаҳои марбут ба зиндагӣ ва тақдири инсонҳо тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 67 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Гаранг, пойҳоямро аз кат фуровардам. — Аҷаб...
— Бале, ҳамин ту, ман не, албатта! — аз кати худ низ пойҳояшро фуровард Сафаралӣ.
— Гап дар сари камина бошад, пас як тоҷики мусофирам, — рост ба чашмони сарди ӯ нигаристам ман.
— Дар баробари тоҷик будан тариқи мусулмонӣ мебояд.
— Алҳамдулиллоҳ, мусулмонам, аз тарзу тариқаш ҳам бохабарам.
— Садқаи мусулмонӣ шавӣ, зиндиқ! Ту на тоҷикӣ, на инсон.
— Худаш чӣ гап?! — ин ҳуҷуми вай он қадар ногаҳон, ба дараҷаи бемаънӣ ва ҳазёнвор буд, ки ман, ростӣ, даступо хӯрдам.
— Аслан шумо, мардуми шимол, махлуқони думдарозу гӯшдарозед. Яъне харед. Аз ҳар ҳам бадтаред, — метафсид ӯ.
— Аз ҳад нагузарон, акаи Сафаралӣ, — гуфтам ман, ғазабамро базӯр пахш карда.
— Ту касофат номи маро ба даҳони ифлосат нагир, ки ҳаром мешавад.
— Худат касофатӣ. Ман ҳар дафъа рафтори аблаҷонаи туро дар тарозуи ақлу идрок баркашида, ба ҳамин хулоса омадаам... На танҳо касофат, балки ғундай, як қолаби пур аз заҳрӣ.
— Ман ба ту нишон медиҳам ғундаро! Ба ду чашми сарат мебинӣ, ки вай ба кадом сӯрохат даромада, аз кадомаш мебарояд! — мушташ гиреҳ, тохта аз ҷой хест Сафаралӣ.
Ман ҳам бархостам. Зеро медонистам, ки ӯро ба як лагад чаппа мекунам, нақши замин мегардонам.
— Ку биё, маҳалгарои лаънатӣ!
Аммо чӣ шуд, ки Сафаралӣ гашта ба рӯи кат

пешина
аз 67
навбатӣ