Зеҳн
Ҳасрат

Китоб аз асари нависандаи маъруфи тоҷик Саттор Турсун иборат аст. Дар он воқеаҳои марбут ба зиндагӣ ва тақдири инсонҳо тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 67 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Омада, инак муддатҳост ба зӯру тавони худ эътимоди қавӣ дорад. Дар баробари ин ҷавонмарди хушсурат ҳам буд. Чеҳрааш кушода, чашмонаш барроқ, тезнигоҳ, дандонҳояш сап-сафеди бақуват, дасту пойҳояш дароз, серрагу пай... Хулоса, Белмондои тап-тайёр!

Воқеан, рафту хушаш ояд, вай дар ҳазлу шӯхиҳои намакин низ устухон надорад. Баъзан, моҳе як-ду маротиба, мешавад зиёдтар ҳам, чунон суханҳои баташбеҳи рамзнок ва нишонрас мегӯяд, ё худ ягон ҳодисаи дар забони дигарон оддиро то ҳадде баобу ранг қисса мекунад, ки мағзашро фаҳмидан пас ҳатто одами гӯлу гаранг аз ханда бемадор мегардад.

Гап ҳоло аз шаби зимистон мерафт...

Ҳамон вақт Хуросон муддати ду рӯз ба кор набаромад — аз чӣ бошад, ногаҳон сараш сахт ба дард омада, хапу дам дар ҷои истиқоматамон мехобид. Сафаралӣ, ки худро дар байни ҳамдиёрон як шахсияти тақводор, баақлу ҳуш, хайрандеш ва то метавонист, ба тавре раҳнамун низ мегирифт, қарибиҳои намози шом аз кор баргашта, истод-истоду ниҳоят ба кати Хуросон наздик шуда, оҳиста пурсид:

— Ҷони ака, кай боз сарат дард мекунад?

— Аз рӯзе ки ба ту вохӯрдаам, ҷони ука! — рӯ ба девор гардонда, гуфт ӯ дар ҷавоб.

Сафаралӣ аввал мояи гапи Хуросонро нафаҳмид. Баъд, вақте ки мо ҳама баланд хандидем, вай нохост шах шуд, моту мабҳут шуд. Пас зуд худашро ба даст гирифта, эҳтимол аз ғояти шарм дигар чӣ кор карданро надониста, низ маҷбур хандид. Срд, базарда, ҳатто нафратомез... Ва ҳангоме рафиқон хомӯш монданд, ба сӯи ман бад-бад нигариста, бо иддао пурсид:

пешина
аз 67
навбатӣ