Зеҳн
Ҳасрат

Китоб аз асари нависандаи маъруфи тоҷик Саттор Турсун иборат аст. Дар он воқеаҳои марбут ба зиндагӣ ва тақдири инсонҳо тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 67 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Қил буд. Зеро ҳар гурӯҳ таноби фоидаро ба ҷониби худаш мекашид, шахси бегона ё ба дидаш номакбулро наздик шудан намемонд. Чизе ёд додан он тараф истод, баръакс — то метавонист, ба қорат халал мерасонд, ба таки поят арзан мерехт.

Хулоса, ба муҳите ки дар он беморхона, ба хусус дар шӯъбаи ҷарроҳии мо вуҷуд дошт, дигар тоб овада натавонистам. Ҳайфи шаш-ҳафт соли умри азизам гуфта, ҳатто безор шудам аз касабаам. Дар пеши падару модарам-ку сар бардошта гаштан умуман азоби алим буд. Худро аз одами гунаҳкор ҳам бадтар мепиндоштам. Охир, маоше ки мегирифтам, ба якҳафтаина хӯрду хӯрокам намерасид. Кас соҳиби диплом шуда, номаш ҷарроҳ, дар синну сол бисту шашро пур карда, боз дар ҳамин аҳвол гардад, вай чӣ инсон аст? Куҷост ору номусаш?

Ниҳоят, ба ду-се нафар аз ҷавонони дер боз шинос ва низ ба монанди худам мӯҳтоҷ роҳи Маскавро пеш гирифтам. Дар он ҷо ба бисёр ҳамдиёрон вохӯрда, то кори камобеш мувофиқ ёфтам, ки аз байн қариб як моҳ гузашт. Мо аввал, муддати чандин моҳ, ба ду нафар молдован ва ду нафар тоҷики навошно хонаву дари мардумро таъмир мекардем. Дурусттараш, ин масъулият асосан ба зиммаи онҳо буд. Ман фақат ба сифати як шогирд, як нафари фармонбардор доим дар бари онҳо истода, чизе гӯянд, бе чуну чаро ба сомон мерасондам. Барор, фурор, бикаш, биёр, бидеҳ... Эҳа-а-а! Ва хишт аст, об аст, лой аст, рангу санг аст, ё худ чӯбу тахта... ҳар чӣ бошад, мувофиқи талаби онҳо ё боло мебаровардам, ё поин мефуровардам, ё кашида меовардам, ё бурда медодам... Хулоса, дам наги-

пешина
аз 67
навбатӣ