Зеҳн
Ҳасрат

Китоб аз асари нависандаи маъруфи тоҷик Саттор Турсун иборат аст. Дар он воқеаҳои марбут ба зиндагӣ ва тақдири инсонҳо тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 67 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

мон дорӣ.

— Аслан мо, мардуми ҷоҳил, садқаи ору номус шавем. Пӯсти ту барои чӣ ин қадар ғафс? Айнан пӯсти хар барин... Хез, охир!

— Хуб, ана, ман рафтам, — эҳтимол доман меафшонад Суҳайло. — Лекин дониста мон, ки минбаъд пушти сарам мебинад туро. Ғирболамро ҳам мебарам.

— Бар, дафъ шав! — дигар аз қаҳраш намефурояд Бибирухсора.

— Ҳоло зора карда, худат пешам меоӣ.

— Хобатро ба об ғӯй...

Бо ҳамин гапгузаронии онҳо якбора қатъ мегардад. Тамоман. Дар ҷояш акнун танҳо қутқути чанд мурғи Бибирухсора ба гӯш мерасад. Канда-канда... Хоб аст магар, ҳоло аз ҳалқи чиғчиғак низ овозе намебарояд. Кӣ медонад, — балки шикор дорад. Ман сӯҳбати ноҳамвори ҳамсояҳоро фурсате ба мулоҳиза гирифта, худ ба худ мегӯям, ки аҷаб — каси ношинос ё умумӣ бехабар яқин гумон мебурд онҳо ба якдигар сахт рафтанд, ҳатто ҷанг карданд. Вале таҳтан чунин нест. Зеро ман дар бадали ин се рӯз нек донистам, ки ҳар ду — Бибирухсораву Суҳайло — дар ҳақиқат дугонаҳои ҷонианд. Аз муносибаташон маълум, — дар кулли ҳолатҳои зиндагӣ ғаму шодии худро ба ҳам мебинанд; роздону ҳолдонанд. Дигарон ба муомилаи онҳо мешавад ҳатто бо як қадар ҳасад менигаранд. Ман инро дидам, ҳис кардам; ба илова ҳавас хӯрдам. Аммо гуфторашон... Аз айёми хурдӣ одат кардаанд магар, гоҳо ба мурчу қаламфур гап мезананд. Ба қавли Бибирухсора, ҳамин ҳам фақат ба шарте ки танҳо бошанд.

Пас имрӯз чӣ? — бовар дорам, вай гумон ме-

пешина
аз 67
навбатӣ