Зеҳн
Ҳасрат

Китоб аз асари нависандаи маъруфи тоҷик Саттор Турсун иборат аст. Дар он воқеаҳои марбут ба зиндагӣ ва тақдири инсонҳо тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 67 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

— Инаш аниқ, — аз оҳанги суханаш маълум, хаёлолуд мегӯяд Суҳайло. Ва як-ду дақиқа ба сукут рафта, бе ҳеҷ мақсад, гӯё фақат дар омади гап илова мекунад: — Боз мошин харидааст.
— Дидам, савор шуда мегашт.
— Чунон такадимоғ, ки... Ба дирафши биниаш осмонро мехарошад-э! Дар мошинаш то ҳадде бавиқор мешинад, рафту фурояд, он қадар ба дабдаба мефурояд, ки гумон мебарӣ шоҳи ҷаҳон аст.
— Парво накун, очаи Сӯҳроб. Кал чӣ дорад? — як шонаи оҳанин, гуфтаанд. Ин рӯзҳо ҳам мегузаранд. Шукри фарзандонами...
— Ҳазорон шукр, — сухани ҳамсояашро тақвият медиҳад Суҳайло. Ва боз даме хомӯш монда, бо алам оҳ мекашад. — Аммо аз ғами онҳо сил шудам, дугона. Баъзан хаёл мекунам, ки дарди як худи Сӯҳроб... ман-ку ман, миёни ҳафт харро мешиканад. Рустам ҳам ноилоҷ, намедонад сарашро ба кадом санг занад.
— Дарак нест?
— Аз Сӯҳроб?
— Дигар аз кӣ мебуд? — овозаш каме баланд, мегӯяд Бибирухсора. — Охир, Сӯҳроби ту гум шудааст, аз ман не...
— Кошки акнун рӯяшро намедидам!
— Фариштаҳо нашунаванд, ки баъд пушти даст мегазӣ, занак, — ӯро танбеҳ медиҳад Бибирухсора.
Ва онҳо аз сари нав хомӯш мемонанд. Аз ҳавлии Суҳайло садои паст ва мубҳами кӯдакон паҳн мешавад — шояд набераҳои вай бозӣ доранд, давутоз мекунанд. Навояш дилпазир, оби ҷӯйбор ҳамчунон ба як маром ҷорист. Кадом мокиён қут-қут зада, тозон аз пеши хона мегу-

пешина
аз 67
навбатӣ