Оинаи ҷаҳоннамо (Афсонаҳои халқи тоҷик)

Ин китоб маҷмӯаи афсонаҳои халқи тоҷик аст, ки аз бойгонии фолклоршинос Равшан Раҳмонӣ гирд оварда шудаанд. Афсонаҳо барои рушди тахайюли кӯдакон ва наврасон аҳамияти калон доранд.
Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 264 саҳифа
— Чаро ду тарафи ишками ту холҳои сиёҳ дорад?
— Ман то имрӯз палангҳои зиёдро бо ин шохам задаму хӯрдам. Ин холҳо миқдори палангҳои мурда.
Ҷамбаршоҳ ба саволҳои паланг ҷавоб медоду қоматашро рост гирифта, худро дар ҳолати ҳуҷум нишон медод. Паланг ин гапҳоро шунида, ҳолати ҳамлаи вайро дида, гурехта рафт. Мегурехт, ки аз пешаш як рӯбоҳи маккор баромаду пурсид:
— Ҳа, паҳлавон, ин қадар ҳаросон мегурезӣ?
Паланг мегӯяд:
— Дар бешазори мо як балое пайдо шудааст, ки шохҳои аҷибу ғариб дорад. Нотарсона ҷавоб медиҳад. Мегӯяд, ки шикори аслии вай паланг аст.
Рӯбоҳ қаҳ-қаҳ хандида мегӯяд:
— Эй паҳлавон, ин ҳайвони тарсу оҳуи ҷамбаршоҳ аст. Туро тарсондааст. Рафтем, натарс, гӯшти вай ширин аст. Ту зӯрӣ, биқап ӯро ҳар ду маза карда мехӯрем.
Паланг ҳамоно аз тарс меларзид. Рӯбоҳ гуфт:
— Э, чаро ин қадар тарсу ларз. Натарс, маро ба пуштат савор карда ба назди вай бар. Ман дар ҳузури ту бароиш мегӯям, ки вай як ҳайвони содаи тарсу аст.
Паланг розӣ мешавад. Рӯбоҳ ба паланг савор шуда ба назди ҷамбаршоҳ мераванд. Ҷамбаршоҳ онҳоро дида, ҳанӯз рӯбоҳ даҳан накушода ба сари вай дод мезанад:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё