Оинаи ҷаҳоннамо (Афсонаҳои халқи тоҷик)

Ин китоб маҷмӯаи афсонаҳои халқи тоҷик аст, ки аз бойгонии фолклоршинос Равшан Раҳмонӣ гирд оварда шудаанд. Афсонаҳо барои рушди тахайюли кӯдакон ва наврасон аҳамияти калон доранд.
Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 264 саҳифа
ОҲУИ ЧАМБАРШОХ ВА ПАЛАНГ
Буд, набуд, як оҳу буд. Шохҳои калон-калон дошт. Шохҳояш ба мисли шохҳои дарахт ба ҳар тараф паҳн буд. Вайро чамбаршоҳ мегуфтанд. Чамбаршоҳ дар ду тарафи ишкамаш холҳои сиёҳи зебо дошт.
Як рӯз паланге аз кӯҳ мефаромад, ки чашмаш ба чамбаршоҳ афтид. Дар дилаш гуфт, ки кайҳо ин гуна ҳайвонро дар ин бешазор надида будам. Рост ба назди чамбаршоҳ омад, то вайро нӯши ҷон кунад. Чамбаршоҳ ба тарафаш омадани палангро дида, сарашро бардошта ба монандӣ ҳайкал шах шуда монд. Намедонист, ки чӣ кор кунад. Худ ба худ гуфт: «Ҳоло, ҳар чӣ бодо, бод, бинем, ки чӣ мешавад». Паланг дид, ки ин ҳайвон намегурезад. Наздиктар омада пурсид:
- Ту кистӣ?
Ҷавоб дод: - Ман чамбаршоҳ.
Паланг боз пурсид: - Чаро дар болои сари ту шохҳои зиёд?
Чамбаршоҳ ҷавоб дод: - Барои зада кафондану дарондани ишками паланг.
Паланг андаке тарсиду боз пурсид:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё