Оинаи ҷаҳоннамо (Афсонаҳои халқи тоҷик)

Ин китоб маҷмӯаи афсонаҳои халқи тоҷик аст, ки аз бойгонии фолклоршинос Равшан Раҳмонӣ гирд оварда шудаанд. Афсонаҳо барои рушди тахайюли кӯдакон ва наврасон аҳамияти калон доранд.
Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 264 саҳифа
Рӯзе аз рӯзҳо дар хонаи мушак ҷанҷол мешавад. Вай зиқ шуда давида ба берун мебарояд, ки дилашро ба қурбоққа холӣ кунад. Хеле интизор мешавад, вале қурбоққа намебарояд. Бо дили ғамгин ба хонааш бармегардад. Пас аз чанд рӯз муш боз ба дами сӯрохаш омада, овози кур-кур-кууууури қурбоққаро шунида, зуд ба наздаш омада гуфтааст:
– Салом, дӯстам, қурбоққа.
– Валайкум бар салом, – ҷавоб медиҳад қурбоққа.
Муш бо нозу карашма ва чеҳраи ғамгин барояш гуфтааст:
– Дар ин чанд рӯз куҷо будӣ? Туро надида зиқ шудам. Дар дилам гапҳои зиёд ҷамъ шуда буд. Онро ба ту, дӯсти азиз, нагӯям, ба кӣ гӯям?
– Ман дар зери об будам. Хобам бурдаст. Фаромӯш кардам, ки ба берун бароям.
Муш бо алам гуфтааст:
– Дигар ин корро накун. Зуд-зуд ба берун баро. Хоболуд нашав.
Қурбоққа ҳам ҷавоб додааст:
– Майлаш, хуб шудааст. Лекин чӣ кор кунем, ки баробари баромадан, зуд аз аҳволи якдигар бохабар шавем.
Муш гуфтааст:
– Ман фарёд мезанам, вале аз садои баробари қур-кур-куууури қурбоққаҳои дигар ту намешунавӣ.
Қурбоққа гуфтааст:
– Биё, як илоҷе пайдо кунем, ки якдигарро дидан хоҳем, зуд ба берун бароем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё