Оинаи ҷаҳоннамо (Афсонаҳои халқи тоҷик)

Ин китоб маҷмӯаи афсонаҳои халқи тоҷик аст, ки аз бойгонии фолклоршинос Равшан Раҳмонӣ гирд оварда шудаанд. Афсонаҳо барои рушди тахайюли кӯдакон ва наврасон аҳамияти калон доранд.
Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 264 саҳифа
Кӣ хӯрдаст Мехчапаракамро?
Кӣ мебарояд ба ҷанги шоҳи ман?
Гурги мағруру нотарс аз хонааш баромада, бо хашм ба бузак мегӯяд:
— Эй Бузаки Чингилапо,
Чӣ мезанӣ ба ҳар чор по?
Ман хӯрдам Алӯли туро!
Ман хӯрдам Булӯли туро!
Ман хӯрдам Хиштаки Сари Танӯри туро!
Болошинакатро ман хӯрдам,
Тоқчапаракатро ман хӯрдам,
Мехчапаракатро ман хӯрдам.
Ман мебароям ба ҷанги шоҳи ту!
Бузак ин гапро шунида гуфт:
— Ҳоло фаҳмо! Агар мард бошӣ фардо, соати сеи расо, дар ҷангали калон ба ҷанги ман баро!
Буз ин гапро гуфту ба хонааш омад. Хамир карда, зувола гирифт, зуволаро паҳн кард, танӯрро бо ҳезум тасфонд. Баъд нону кулчаҳои ширмоли бомазза пухта, онҳоро ба як дастархон баста ба пеши устои оҳангар рафту гуфт:
— Салом, акаи усто.
Усто ҷавоб дод:
— Валейкум ассалом. Чӣ хизмат бузак?
Бузак бо алам гуфт:
— Устоҷон, гурги лаънатӣ бачаҳои маро хӯрдаст. Шоҳи маро тез кун, маро нанг омад, фардо ба ҷанги вай меравам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё