Зеҳн
Оинаи ҷаҳоннамо (Афсонаҳои халқи тоҷик)

Ин китоб маҷмӯаи афсонаҳои халқи тоҷик аст, ки аз бойгонии фолклоршинос Равшан Раҳмонӣ гирд оварда шудаанд. Афсонаҳо барои рушди тахайюли кӯдакон ва наврасон аҳамияти калон доранд.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 264 саҳифа

НаврасонАфсонаКӯдакон
Аз аввал хондан

Қозӣ каломи закарини занро шунид, рухсори зебои ӯро диду дилбохтаи зани заргар шуд. Дар умраш чунин зани латифу зарифро надида буд. Қозиро ҳам гуфтор, ҳам рафтор ва ҳам ҳусни нотакрори зан мафтун сохт. Пас аз шунидани сухани зани заргар ва саволу ҷавоб қозӣ барояш гуфт:

– Эй зани заргар, ту яктои беҳамтой. Ин дунё гузаро аст. Биё, онро ғанимат донем. Чаро ин симои зебоятро хазон мекуниву аз дунболи ин кор мегардӣ. Ҳам он ҳазор тангаи тиллоро бароят гирифта медиҳам, ҳам тамоми сарвату умрамро ба ту мебахшам. Бароят ин заргари нобинои пири фартут чӣ лозим аст?

Зан як лаҳза гичу гаранг шуд. Баъд бо ҷасорат гуфт:

– Эй қозӣ, ман гумон кардам, ки ту одилтарин инсон ва вафодортарин дӯсти ҳамсарам ҳастӣ. Охир, ту қозии шариати исломӣ. Бо кадом ақл мехоҳӣ, ки майл ба зани ҳалоли дӯсти худ кунӣ. Мағзи ту хароб будааст. Хуб дар ёд гир, ки ман ба заргари нобинои фартути бечора хиёнат намекунам. Агар Худо накарда ӯ бимурад ҳам, ман тамоми умр бо ёди ӯ зиндагӣ мекунам.

Зан аз хона баромад. Ин гапи зани заргар ба қозӣ хуш наомаду гуфт:

– Ту зани беақл будай. Ман надидааму намедонам, ки заргар ҳазор тангаи тиллоро ба кӣ додаст. Зудтар бирав аз наздам, нобакор.

Зани бечора хору зор бо дили афгор ба назди ҳамсараш омаду гуфт:

пешина
аз 264
навбатӣ