Зеҳн
Оинаи ҷаҳоннамо (Афсонаҳои халқи тоҷик)

Ин китоб маҷмӯаи афсонаҳои халқи тоҷик аст, ки аз бойгонии фолклоршинос Равшан Раҳмонӣ гирд оварда шудаанд. Афсонаҳо барои рушди тахайюли кӯдакон ва наврасон аҳамияти калон доранд.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 264 саҳифа

АфсонаКӯдаконНаврасон
Аз аввал хондан

Гар тоқат накард, бо ашки шодӣ Барзуро ба оғӯш кашид:
— Набераам, нажодам, давомдиҳандаи сулолаам.

Ин саҳнаро аз дур Афросиёбу Пирон назорат мекарданд.

Пирон ба Афросиёб мегӯяд:
— Шоҳам, хонаи мо сӯхт. Бин, гӯштин намегиранд. Ба назарам, бобову набера якдигарро шинохтанд.

— Бале, ба сарлашкар фармон деҳ, ки лашкарро ба он тарафи дарё гузаронад.

Лашкари Афросиёб аз тарси бобову набера зуд Балхро тарк карда, ба самти дарёи Аму меравад.
Рустам ин ҳолатро дид. Барзу аз Рустам пурсид:
— Онҳо чаро мегурезанд?

— Аз тарс, набераам. Ин ҷанги ману туро ҳам ҳаминҳо ташкил карданд.

Барзу бо ғазаб ба аспаш савор шуду аз дунболи лашкари Афросиёб давид. Бобо ҳам ба Рахш савор шуда, ба набера шарик шуд. Ҷанги шадид шурӯъ гашт. Мезананд, мекубанд, мекушанд.
Боқимондаи лашкар аз дарё гузашта меравад.

Барзу дар ҷанг неруи худро нишон дод, вале аз чанд ҷо захмӣ шуд. Ниҳоят аз гардани асп қапида дар соҳили дарё монд. Дид, ки ҳама гурехтанд. Аз беҳолӣ даст дар гардани асп, беҳуш шуд. Асп ҳам чарида-чарида аз дунболи як модиён ба кишвари дигар рафту ба боғе расид. Дар боғ асп сари худро ҳам карда, алаф мехӯрд, ки ногоҳ Барзуи беҳуш аз болояш ба рӯи сабза афтод.

Ин боғи подшоҳи Фаранг буд. Ин подшоҳ як

пешина
аз 264
навбатӣ