Оинаи ҷаҳоннамо (Афсонаҳои халқи тоҷик)

Ин китоб маҷмӯаи афсонаҳои халқи тоҷик аст, ки аз бойгонии фолклоршинос Равшан Раҳмонӣ гирд оварда шудаанд. Афсонаҳо барои рушди тахайюли кӯдакон ва наврасон аҳамияти калон доранд.
Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 264 саҳифа
мегузаронад, ки агар аз дасти ин паҳлавони ҷавон ба замин афтад обрӯяш меравад. Зуд ҳанҷарро аз ғилоф кашида, заданӣ мешавад. Ҳамин дам аз канори майдон Шаҳноз бо овози баланд мегӯяд:
— Исто! Эй писаркуш! Ин набераат аст! Номард, писаратро куштӣ, акнун набераатро мекушӣ!
— А?! Чӣ?!
Саросема ҳанҷарро аз бадани Барзу дур мебарад. Шаҳноз ба майдон медарояд:
— Ту писарат, Сӯҳробро куштӣ, ин набераат, ӯро ҳам мекушӣ?
— Набераи ман?! Ту кӣ?! — мепурсад Рустам.
— Ман, Шаҳноз ҳамсари Сӯҳроб, модари Барзу.
— Чӣ далел дорӣ?
— Мана, ин ангуштарӣ.
Рустам мебинад, ки дар он муҳри подшоҳи Эронзамин аст. Мепурсад:
— Инро ба ту кӣ дод?
Шаҳноз мегӯяд:
— Сӯҳроб.
Рустам ангуштариро мешиносад, ки аз Таҳмина аст.
Барзу ҳам ҳайрон аз ҷой бармехезаду ба модараш менигарад.
— Чаро то ин дам ба ман нагуфтӣ, модар.
— Рустам бобоят, писарам. Ман ба ӯ нафрат доштам. Мехостам, ки қасди падаратро гирӣ. Барои ҳамин ба ту чизе аз падару аз бобо нагуфтам.
Бобо ва набера дар майдон мисли гунг, хомӯш. Намедонанд, ки чӣ кор кунанд. Рустами пир ди-

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ