Зеҳн
Оинаи ҷаҳоннамо (Афсонаҳои халқи тоҷик)

Ин китоб маҷмӯаи афсонаҳои халқи тоҷик аст, ки аз бойгонии фолклоршинос Равшан Раҳмонӣ гирд оварда шудаанд. Афсонаҳо барои рушди тахайюли кӯдакон ва наврасон аҳамияти калон доранд.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 264 саҳифа

АфсонаКӯдаконНаврасон
Аз аввал хондан

Ту пас аз чил рӯз дар набард хоҳам шуд. Ҳоло ту истироҳат кун. Ту ҳам дар зиндон будӣ.
Барзу мегӯяд:
— Ҷавонмардӣ ин тавр намешавад. Ту маро фиреб додӣ. Маро наафтондӣ, гурзи худи ман бар сарам зад. Дар ин чил рӯз ман дар ин кишвари бегона, бекасу кӯй, гушнаву ташна интизори ту шавам?
Рустам мегӯяд:
— Аз боргоҳ ба ту ҳама чизро мерасонанд.
Рустам ба Завора супориш медиҳад, ки хӯроки инҳоро таъмин намояд.
Модар ба писараш илтиҷо мекунад:
— Писарам, Барзу, ту ҷони ҷавонатро ба бало гирифтор накун. Хез, биравем.
— Э модар, ман номардӣ намекунам. Дар роҳи рост мурдан даркор. Номардӣ ва ҳаромкорӣ бад аст — якравӣ кард.
Бечора модар сокит мемонад. Рустам тамоми шароитро муҳайё мекунад. Маҳноз ҳам ба инҳо шарик шуд. Аз байн бист рӯз мегузарад. Завораро воҳима паҳш мекунад. Метарсад, ки Барзу дар ҷанги тан ба тан ба Рустам ғолиб меояд. Вай хӯрокҳои хушмазза пухта, ба дарунаш заҳр меандозаду ба Барзу меорад ва «аз Рустам ба шумо» гуфта медиҳаду меравад. Шаҳноз ба ин кори Завора бо шак менигарад. Пеш аз истеъмоли хӯрок бо диққат нигоҳ мекунаду каме аз он гирифта, ба назди як саги пир мепартояд. Саг мехӯраду ҷо ба ҷо мемурад. Инро дида, Барзу аз Маҳноз хоҳиш мекунад, ки ба ин мазмун ба Рустам нома нависад:

пешина
аз 264
навбатӣ