Оинаи ҷаҳоннамо (Афсонаҳои халқи тоҷик)

Ин китоб маҷмӯаи афсонаҳои халқи тоҷик аст, ки аз бойгонии фолклоршинос Равшан Раҳмонӣ гирд оварда шудаанд. Афсонаҳо барои рушди тахайюли кӯдакон ва наврасон аҳамияти калон доранд.
Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 264 саҳифа
Лобосҳои Сӯҳробро берун оварда, ба писараш дода, мегӯяд:
— Ин аз падарат аст. Ӯ ҳам мисли ту тануманд буд. Дар ҷанг кушта шуд. Эҳтиёт шав, писарам.
Вале дигар чизе намегӯяд. Барзу намедонист, ки падараш кист.
Либоси падарашро мепӯшад, дар танаш хеле муносиб, гӯё қолаб гирифта бошанд. Барзу бо модар ва хешовандон хайру хуш карда, пеш-пеши лашкари Афросиёб аз дарёи Аму мегузарад. Ду лашкар дар майдони набардгоҳи Балх омодаи ҷанг шуданд.
Ба муқобили Барзуи деҳқон Рустами Достон ба дифоъи марзи худ мебарояд. Барзу намедонад, ки Рустам бобояш аст. Рустам намедонад, ки Барзу наберааш аст. Рустам бо савлату дабдаба пеш меояд, аз чашмонаш гӯё шарораҳои оташ мепаранд. Рахши Рустам ҳингас зада, ду пояшро ба боло мебардорад. Барзу дар чунин набард бори аввал буд. Ҳайрон мемонад. Лашкар рӯ ба рӯ ором истодааст. Тибқи қоидаи ҷанг, аввал ду паҳлавон дар майдон мебароянд. Агар яке мағлуб шавад, лашкари мағлуб бояд қафо гардад. Рустам ин гуна марди ҷавони танумандро дар лашкари Афросиёб надида буд ва ҳам дар борааш нашунида буд. Вай ҳам дар ҳайрат буд, ки ногаҳон Афросиёб ин паҳлавонро аз куҷо пайдо кард. Бо ҷасорату ҳайбат Рустам аз як тараф, Барзу аз тарафи дигар ба майдон баромаданд. Ҳар ду дар болои асп давиданду париданду даст ба гиребон шуда, якдигарро санҷиданд. Рустам пурсид:
— Наслу насабатро ба ман бигӯ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё