Зеҳн
Оинаи ҷаҳоннамо (Афсонаҳои халқи тоҷик)

Ин китоб маҷмӯаи афсонаҳои халқи тоҷик аст, ки аз бойгонии фолклоршинос Равшан Раҳмонӣ гирд оварда шудаанд. Афсонаҳо барои рушди тахайюли кӯдакон ва наврасон аҳамияти калон доранд.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 264 саҳифа

АфсонаКӯдаконНаврасон
Аз аввал хондан

— Дар ҷаҳон овози кадом паранда бошад, ки одам шунаваду ором гирад?
Дигаре посух дод:
— Овози булбул бошад.
— Ҳа, бале! Ба ин кас як ҳамён диҳед.
— Садои кадом соз аст, ки нолиш менамояд?
— Садои най.
— Ҳа, бале! Ба ин кас ҳам як ҳамён диҳед.
Барзу бо чашми ҳайрон менигараду гӯш мекунад, вале гап назада, кабобашро хӯрдан мегирад. Баъд аз пешхизмат мепурсад:
— Ҳамён чист?
Ӯ мегӯяд:
— Эээ, магар ту намедонӣ?
— Не, намедонам.
— Дар даруни ҳамён тилло ҳаст.
— Ҳамёни тиллоро барои чӣ медиҳанд?
— Барои посухи дуруст.
— Э, ҳамин ҳам кор шудууу?
— Э, дам, дам, дам, овоз набарор, ин ҷо дарбори шоҳ аст.
Барзу бо тамасхур мегӯяд:
— Э тавба, барои овози булбул, садои най як ҳамён тилло.
Боз дигаре мепурсад:
— Дар ҷаҳон бӯи чӣ фораму муаттар бошад?
Касе посух медиҳад:
— Атргул бошад.
Ба ӯ ҳам ҳамён медиҳанд. Пирон ба назди Барзу меояд:
— Ин базми пурсишу посух аст.

пешина
аз 264
навбатӣ