Зеҳн
Оинаи ҷаҳоннамо (Афсонаҳои халқи тоҷик)

Ин китоб маҷмӯаи афсонаҳои халқи тоҷик аст, ки аз бойгонии фолклоршинос Равшан Раҳмонӣ гирд оварда шудаанд. Афсонаҳо барои рушди тахайюли кӯдакон ва наврасон аҳамияти калон доранд.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 264 саҳифа

КӯдаконНаврасонАфсона
Аз аввал хондан

Аз ин гуфтору рафтор Барзуро хушаш омада, ҷавонмардона гуфт:

– Э падари бузургвор, модоме ки шумо ба полези ман омадеду ин қадар гуфтору рафтори нек доред, чаро ман пул бигирам. Не, ман пул намегирам. Ҳар қадар харбуза бошад, гирифтан гиред. Ман ҳам дар ҳамин мулк зиндагӣ мекунам.

– Баракалло, баракалло, писар.

Пирон симои Барзуро аз наздик дида ҳайрон монд. Дар ҳақиқат, чунин қаду қоматро дар гузашта надида буд. На Рустам чунин қомат дошту на Сӯҳроб ва на паҳлавонони дигар. Дар дил гуфт, ки ӯро бояд зуд ба лашкар ҷалб кард. Ягона одаме, ки Рустамро нобуд мекунад ҳамин аст. Ба Барзу пешниҳод кард:

– Писар, одами нек менамой. Биё, ман туро ба назди подшоҳ барам.

Модараш каме дуртар ин гапҳоро мешунид. Наздиктар омада мегӯяд:

– Дуруд бар шумо, олиҷаноб. Барзу писари ягонаи ман аст. Тамоми бори зиндагӣ бар дӯши вай аст. Ба назди подшоҳ чӣ кор мекунад?

Пирони зирак мегӯяд:

– Ман вазири шоҳ Афросиёб ҳастам. Аз қаду басти писаратон маълум аст, ки паҳлавон аст. Подшоҳ ба паҳлавонони кишвар таваҷҷүҳ дорад. Шояд бароиш дар лашкар ягон коре пайдо мешавад.

Дар пеши назари модар симои ҳамсараш Сӯҳроб ва бобои Барзу ҷаҳонпаҳлавон Рустам, ки кушандаи вай буд, ҷилвагар шуд. Барзу онҳоро надида буд ва дар бораи онҳо чизе ме-

пешина
аз 264
навбатӣ