Оинаи ҷаҳоннамо (Афсонаҳои халқи тоҷик)

Ин китоб маҷмӯаи афсонаҳои халқи тоҷик аст, ки аз бойгонии фолклоршинос Равшан Раҳмонӣ гирд оварда шудаанд. Афсонаҳо барои рушди тахайюли кӯдакон ва наврасон аҳамияти калон доранд.
Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 264 саҳифа
Зи дигар, як мулло, ду авом, бо худатон чор кас биёед. Ҳӯ, ана дар ҳамон баландӣ, як хона аст, ҳамон хонаи мо.
— Хӯб, духтарам, — гуфт пирамард.
Наим аз бозор омад. Хайрӣ барояш гуфт:
— Имрӯз рӯзи никоҳи мо.
— Чӣ хел?
— Атрофро тоза кунед, баъдтар мефаҳмед.
Наим машғул шуд. Хайрӣ машғули пухтупаз шуд. Биринҷро тоза кард, сабзиро реза кард, гӯштро майда кард, рӯғанро ширин кард, оши палавро дам партофт. Дастархони хуб орост. Бегоҳӣ он пирамард бо як муллову ду авом омад. Хайрӣ ва Наим онҳоро зиёфат доданд. Баъд Хайрӣ ба ҳамон пирамард гуфт:
— Бобоҷон, шумо падарвакил, ин ду одами овардагетон шоҳид, ба мулло гӯед моҷона никоҳ кунад.
Ана ҳамин тавр, инҳо зану шавҳар шуданд. Дар ҳамон ҷо барои худашон чанд дар хона сохтанд. Зан зувола карда лой дод, шавҳар девор зад. Дар ҳамин кулба бо меҳнати ҳалол зиндагӣ карда гаштанд. Наими танбал ҳушёру кордон шуд. Аз байн рӯзҳо гузашт, моҳҳо гузашту гузашту Худо ба инҳо як писар дод.
Зану шӯ шабу рӯз кор карданд. Ба пули ҷамъ кардашон гов хариданд, гӯсфанд хариданд, асп хариданд, соҳиби рамаю галаи зиёд шуданд. Одамони зиёдро ба кор гирифтанд. Галаю рама, ки зиёд шудан гирифт, пешопеш фурӯхтанд. Хеле пул ҷамъ шуд. Баъд ба ин пул поёнтар аз ҳамон ҷои шикоргоҳи подшоҳ як қаср сохтанд. Чунон

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё