Зеҳн
Оинаи ҷаҳоннамо (Афсонаҳои халқи тоҷик)

Ин китоб маҷмӯаи афсонаҳои халқи тоҷик аст, ки аз бойгонии фолклоршинос Равшан Раҳмонӣ гирд оварда шудаанд. Афсонаҳо барои рушди тахайюли кӯдакон ва наврасон аҳамияти калон доранд.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 264 саҳифа

АфсонаКӯдаконНаврасон
Аз аввал хондан

Ба поён фуромаду ҳамаи чизашро кам-кам то нисфи рӯз ба болои кӯҳ баровард. Як нафасашро рост карда, аз чизҳои модараш додагӣ як пора нону як бурда гӯшт хӯрду ногоҳ чашмаш ба як сиёҳӣ афтид, ки ба одам монанд. Базӯр меҷунбад. Ба ҳамон тараф нигоҳ карда рафт. Омада дид, ки як ҷавон базӯр меҷунбад. Оҳиста аз таги фаранҷӣ нигоҳ кард, ки ҳамон Наим — аспбони падараш. Гушнаву ташна сарсону саргардон.

– Саломалайкум — гуфт.

– Валейкум — гуфт ба зӯр.

– Шумо кӣ? Чӣ шуд ба шумо?

– Ман аспбони подшоҳ будам. Танбал будам. Маро ба ҳамин макон оварда партофтанд. Ин тараф давида, он тараф давида як чиз ним чиз ёфта хӯрда гаштем. Хеле гуруснаам, ягон чизи хӯрдани дорӣ?

Духтар Наимро аз ҷояш хезонда, оҳиста-оҳиста то сари кӯҳ овард. Аз кулчаву фатиру гӯшт дода, шиками вайро сер кард. Баъд ба ҳар тараф нигоҳ карда дид, ки хеле дуртар як боғ аст. Ба сӯи ҳамон боғ рафта дид, ки дарунаш гелосу зардолу пухтагӣ. Касе нест, бесоҳиб. Боғ ба мисли ҷангал. Онсӯтар як дарахти калону дар тагаш чашма, барои зиндагӣ ҷои муносиб. Ба назди Наим омаду гуфт, ки:

– Бардоред, аз қафои ман биёед.

Вай ҳам хӯрчинро бардошта, аз қафои Хайрӣ рафт. Баъд гуфт:

– Ҳамаашро ба ҳамин ҷо оред.

– Хуб.

Овард. Боз гуфт:

пешина
аз 264
навбатӣ