Зеҳн
Оинаи ҷаҳоннамо (Афсонаҳои халқи тоҷик)

Ин китоб маҷмӯаи афсонаҳои халқи тоҷик аст, ки аз бойгонии фолклоршинос Равшан Раҳмонӣ гирд оварда шудаанд. Афсонаҳо барои рушди тахайюли кӯдакон ва наврасон аҳамияти калон доранд.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 264 саҳифа

АфсонаКӯдаконНаврасон
Аз аввал хондан

ДЕҲҚОНИ ЗИРАК

Буд, набуд, дар замонҳои қадим як деҳқони заҳматкаш буд. Ҳар сол харбуза мекорид. Харбузаҳоро аз таҳти дил парвариш менамуд. Дар вақташ обу пору медод. Ҳатто аз поруи парандаҳо истифода мекард. Харбузаҳои деҳқон чунон ширин буд, ки агар ба он кордро наздик баред, харбуза ду мекафиду шарбаташ ба замин мерехт.

Харбузаҳои ӯ зуд ба фурӯш мерафт. Деҳқон бо харбузаҳои ширинаш дар байни мардум машҳур гашт. Ӯ хеле дасткушоду саховатманд буд. Ба ҳамсояҳо, роҳгузарҳо низ аз харбузаҳояш ҳадя мекард. Шуҳрати ширинии харбузаҳои ӯ даҳон ба даҳон дар ҳама ҷо паҳн шуд.

Солҳо зуд мегузашт. Деҳқон кӯшиш мекард, ки харбузаҳои ӯ дастраси ҳама бошад. Боре деҳқон худ ба худ фикр карду гуфт, ки “харбузаҳои маро ҳама чашиданд, ғайр аз подшоҳ”.

Соли дигар, ҳамин ки харбуза пухт, деҳқон ду паллаи хӯрчин харбуза гирифта, ба як хар бор карда, ба тарафи шаҳр ба ҷониби арки подшоҳ равон шуд. Ӯ рафт, рафт, рафту ба пойтахт расид. Рӯз бегоҳ шуд. Омаду дар як гӯшаи корвонсаро ҷо гирифт.

Подшоҳи кишвар як одат дошт, ки ҳар шаб либоси дарвешӣ пӯшида, ба шаҳр мегашту ба гапи

пешина
аз 264
навбатӣ