Оинаи ҷаҳоннамо (Афсонаҳои халқи тоҷик)

Ин китоб маҷмӯаи афсонаҳои халқи тоҷик аст, ки аз бойгонии фолклоршинос Равшан Раҳмонӣ гирд оварда шудаанд. Афсонаҳо барои рушди тахайюли кӯдакон ва наврасон аҳамияти калон доранд.
Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 264 саҳифа
— Рост, шоҳам, агар шумо набошед, мо ҳеҷ ҳастем. Бале, ҳама чизро аввал аз шумо мехоҳем, баъд аз Худо.
Зани ҷавонаш духтари камбағал буд. Зебо, ҳунарманду доно, кордону тавоно, боандешаву ҷӯё буд. Ҳар бегоҳ, ки подшоҳ пас аз кору бори давлатдорӣ ба қасраш бармегашт, ин зан ӯро бо меҳр пешвоз мегирифт. Подшоҳ ӯро низ таъна мекарду мегуфт:
— Занак, ман абошам, ту ҳеҷ ҳастӣ. Ҳама чизро аввал аз ман бихоҳ, баъд аз Худо.
Вале зан мегуфт:
— Шоҳам, ҳамаш дуруст аст, вале ман аввал аз Худо мехоҳам, баъд аз шумо.
Аз ин гап ғазаби подшоҳ баланд шуду гуфт:
— Як бор такрор кун чӣ гуфтӣ?
Зан ҳам такрор кард:
— Шоҳам, аввал аз Худо, баъд аз шумо.
— Номаъқул кардӣ! Ман набошам, хору зор шуда мемурӣ. Ту кистӣ? Як духтари камбағал!
Зебогият ба худат! Олам пури духтари зебо! Агар ман туро аз хона пеш кунам, чӣ кор мекунӣ?
— Шоҳам, аввал аз Худо, баъд аз дасту по намонам, он гоҳ як кор мекунам.
Подшоҳ боз дар ғазаб шуду гуфт:
— Гум кунед ин зани мӯдарози ақлкӯтоҳро. Аз хона ба як куртаву кавш пеш кунед. Ба як ҷангал бурда партоед. Ман бинам, канӣ, Худо барояш чӣ медиҳад.
Аз ин рафтори шоҳ занҳои дигар шод шуданд.
Ӯро бо як куртаву кавшу як бастаи сӯзану риштааш аз қаср пеш карда, ба як ҷангал бурда партофтанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё